https://sputnik.tj/20220708/bahs-zamin-norin-tirparoni-1049850128.html
Баҳс сари замин дар Норин бо тирпарронӣ ва захмӣ шудани шаш кас анҷомид - тафсилот
Баҳс сари замин дар Норин бо тирпарронӣ ва захмӣ шудани шаш кас анҷомид - тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Ҳудуди 40 нафар барои ҳалли баҳси қитъаи замин дар хонаи як ҳамдеҳа ҷамъ омадаанд. Моҷраои замин бо тирпаронӣ ва захмӣ шудани шаш кас анҷомид
2022-07-08T14:10+0500
2022-07-08T14:10+0500
2022-07-08T21:22+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қирғизистон
баҳс
замин
тирпаронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103005/92/1030059250_0:36:1921:1116_1920x0_80_0_0_81110902e9db2cbccabfe0a1e554e0a6.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар вилояти Норин баҳси замин ба муноқиша байни сокинони деҳа печид, шаш нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Норин хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар деҳаи Хутор Ак-Талаа рух додааст. Тақрибан 40 нафар дар назди манзили сокини маҳаллӣ К.Б ба далели баҳси тӯлонӣ бар сари замин ҷамъ омадаанд. "Вазъият тезутунд шуда, ба задухӯрд мубаддал шуд. Онҳое, ки ҷамъ омада буданд, дару тирезаҳои хонаи К.Б.-ро бо санг шикаста, мошини "Subaru Outback"-ро, ки дар назди дарвоза истода буд, оташ заданд", - омадааст дар хабарнома. Ҳамин тавр, соҳиби хона ба сӯи издиҳом аз силоҳи оташфишон тирпарронӣ кардааст. Манбаъ афзуда, ки се ҷабрдида дар бемористони вилояти Норин ҷарроҳии таъҷилӣ карда шуданд. Вазорати умури дохилаи вилояти Норин мегӯяд, аз рӯи ин қазия, тафтишот идома дорад.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103005/92/1030059250_192:0:1727:1151_1920x0_80_0_0_f54c06f1f708f3d6bfab99ca628d5c60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тирпаронӣ, баҳси замин, норн, қирғизистон
тирпаронӣ, баҳси замин, норн, қирғизистон
Баҳс сари замин дар Норин бо тирпарронӣ ва захмӣ шудани шаш кас анҷомид - тафсилот
14:10 08.07.2022 (Навсозишуда: 21:22 08.07.2022) Ҳудуди 40 нафар барои ҳалли баҳси қитъаи замин дар хонаи як ҳамдеҳа ҷамъ омадаанд. Моҷарои замин бо тирпарронӣ ва захмӣ шудани шаш кас анҷомид
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар вилояти Норин баҳси замин ба муноқиша байни сокинони деҳа печид, шаш нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.
Дар ин бора
Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Норин хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар деҳаи Хутор Ак-Талаа рух додааст.
Тақрибан 40 нафар дар назди манзили сокини маҳаллӣ К.Б ба далели баҳси тӯлонӣ бар сари замин ҷамъ омадаанд.
"Вазъият тезутунд шуда, ба задухӯрд мубаддал шуд. Онҳое, ки ҷамъ омада буданд, дару тирезаҳои хонаи К.Б.-ро бо санг шикаста, мошини "Subaru Outback"-ро, ки дар назди дарвоза истода буд, оташ заданд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамин тавр, соҳиби хона ба сӯи издиҳом аз силоҳи оташфишон тирпарронӣ кардааст.
"Дар натиҷа, шаш нафар маҷрӯҳ шуданд", - гуфтдар дар шӯъбаи пулис.
Манбаъ афзуда, ки се ҷабрдида дар бемористони вилояти Норин ҷарроҳии таъҷилӣ карда шуданд.
Вазорати умури дохилаи вилояти Норин мегӯяд, аз рӯи ин қазия, тафтишот идома дорад.