https://sputnik.tj/20220708/anduh-rahmon-kushta-abe-1049866542.html
Эмомалӣ Раҳмон қатли Абэро маҳкум карду аз некиҳояш ёд намуд
Эмомалӣ Раҳмон қатли Абэро маҳкум карду аз некиҳояш ёд намуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон сӯиқасди марговарро, ки дар пайи он собиқ сарвазири Ҷопон ҷон дод, маҳкум намуда, ба мардуми ин кишвар сабри ҷамил хостааст
2022-07-08T18:31+0500
2022-07-08T18:31+0500
2022-07-08T21:08+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ҷопон
сарвазир
сӯиқасд
ҳамлаи хунин
куштор
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101879/84/1018798486_0:0:2000:1125_1920x0_80_0_0_8a7ce14e2ec48a8f09431c1384b667b8.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Фумио Кисида, сарвазири Ҷопон дар робита ба кушта шудани нахуствазири пешини ин кишвар, Синдзо Абэ паёми таслият фиристодааст. Раҳмон афзудааст, ки марҳум бо фаъолияти созандаи худ ҳамчун ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯву эътибори баланд гардида буд. Ҳамчунин аз нақши Абэ дар таъмини зиндагии шоистаи ҷамъият ва пешрафту тараққии Ҷопон гуфтааст. Абэ дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҷопон саҳми шоиста гузошта, бо саъю талошҳои пайвастааш дар ин ҷода дар хотироти мо бо номи нек боқӣ хоҳад монд, илова намуд намуд Раҳмон. "Мулоқоту тамосҳои сермаҳсули худро бо шодравон дар ёд дорам ва мо ба шахсияти ӯ эҳтироми арзанда мегузорем", - зикр кард раисҷумҳури Тоҷикистон.Дар робита ба марги Абэ, раисҷумҳури Тоҷикистон аз номи худ ва мардуми кишвар ҳамдардии амиқ ва тасаллиёти самимиро ба роҳбарият ва мардуми Ҷопон баён намуда, ба наздикону пайвандони марҳум матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хостааст. Абэи 67-сола пеш аз зуҳри 8 июл дар шаҳри Нара ҳангоми суханронии пешазинтихоботияш дар кӯча ҳадафи тирпарронӣ қарор гирифта, дар беморхона даргузашт. Дар мавриди ҳамлагар зикр шудааст, ки ӯ сокини 41-солаи маҳаллӣ, Тесуя Ямагами мебошад, ки дар гузашта дар нерӯҳои дарёии мудофиаи Ҷопон кор кардааст. Ӯ бо иттиҳоми суиқасд ба куштор боздошт шуда, дар бозпурсиҳои аввал сабаби ин корашро норозигӣ аз сиёсати Абэ хондааст.
https://sputnik.tj/20220708/sobiq-sarvaziri-jopon-darguzasht-1049850747.html
ҷопон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101879/84/1018798486_0:0:1836:1377_1920x0_80_0_0_fc1eb620789bf56ae3fe23ad65af4c79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
андуҳ, эмомалӣ раҳмон, марг, абэ
андуҳ, эмомалӣ раҳмон, марг, абэ
Эмомалӣ Раҳмон қатли Абэро маҳкум карду аз некиҳояш ёд намуд
18:31 08.07.2022 (Навсозишуда: 21:08 08.07.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон сӯиқасдеро, ки дар пайи он сарвазири собиқи Ҷопон ҷон дод, маҳкум намуда, ба мардуми ин кишвар сабри ҷамил хостааст
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Фумио Кисида, сарвазири Ҷопон дар робита ба кушта шудани нахуствазири пешини ин кишвар, Синдзо Абэ паёми таслият фиристодааст.
"Хабари даргузашти фоҷеавии собиқ сарвазири Ҷопон ҷаноби Синдзё Абэ боиси ғояти ҳузну андӯҳи мо гардид. Ҷониби Тоҷикистон ин суиқасди марговарро қатъиян маҳкум менамояд", - омадааст дар паём.
Раҳмон афзудааст, ки марҳум бо фаъолияти созандаи худ ҳамчун ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯву эътибори баланд гардида буд. Ҳамчунин аз нақши Абэ дар таъмини зиндагии шоистаи ҷамъият ва пешрафту тараққии Ҷопон гуфтааст.
Абэ дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҷопон саҳми шоиста гузошта, бо саъю талошҳои пайвастааш дар ин ҷода дар хотироти мо бо номи нек боқӣ хоҳад монд, илова намуд намуд Раҳмон.
"Мулоқоту тамосҳои сермаҳсули худро бо шодравон дар ёд дорам ва мо ба шахсияти ӯ эҳтироми арзанда мегузорем", - зикр кард раисҷумҳури Тоҷикистон.
Дар робита ба марги Абэ, раисҷумҳури Тоҷикистон аз номи худ ва мардуми кишвар ҳамдардии амиқ ва тасаллиёти самимиро ба роҳбарият ва мардуми Ҷопон баён намуда, ба наздикону пайвандони марҳум матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хостааст.
Абэи 67-сола пеш аз зуҳри 8 июл дар шаҳри Нара ҳангоми суханронии пешазинтихоботияш дар кӯча ҳадафи тирпарронӣ қарор гирифта, дар беморхона даргузашт.
Дар мавриди ҳамлагар зикр шудааст, ки ӯ сокини 41-солаи маҳаллӣ, Тесуя Ямагами мебошад, ки дар гузашта дар нерӯҳои дарёии мудофиаи Ҷопон кор кардааст. Ӯ бо иттиҳоми суиқасд ба куштор боздошт шуда, дар бозпурсиҳои аввал сабаби ин корашро норозигӣ аз сиёсати Абэ хондааст.