https://sputnik.tj/20220707/tolibon-silohe-uzbakiston-tir-aks-1049811065.html
Толибон силоҳе ёфтаанд, ки аз он ҷониби Ӯзбекистон тир холӣ шудааст: акс
Толибон силоҳе ёфтаанд, ки аз он ҷониби Ӯзбекистон тир холӣ шудааст: акс
Sputnik Тоҷикистон
Афғонистон ва Ӯзбекистон ҳодисаи ахир дар марзро таҳқиқ мекунанд: Толибон мошинеро пайдо карданд, ки ҳамлагарон аз он тир холӣ кардаанд
2022-07-07T14:00+0500
2022-07-07T14:00+0500
2022-07-07T18:29+0500
толибон
ӯзбекистон
аслиҳа
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042989028_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_f6e66b41207976db59a3858be36ebb2a.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Толибон як силоҳи гулӯлаандозеро пайдо карданд, ки ҳамлагарон аз он ба марзи Ӯзбекистон тир холӣ карданд. Дар акс дида мешавад, ки дастгоҳ дар паси мошини хурди боркаши сабзавот насб шудааст. Ҷойгиршавии мошин ва ҷузъиёти дигар гуфта нашудааст. Қаблан як манбаъ дар пулиси вилояти Балхи Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки зарба аз ноҳияи Ҷартани деҳаи Токайи ноҳияи Шӯртеппа анҷом шудааст. Дар баробари ин ӯ дар бораи машинае, ки аз он гулӯлаҳо парронда шуд, низ сухан ронд. Ёдовар мешавем, ки Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз ҳамлаи мушакӣ ба марзи ин ҷумҳурӣ расман хабар дод. Ин ниҳод гуфт, ки гулӯлаҳо тахминан аз ҷониби Афғонистон ворид шудаанд.Дар пайи ин ҳодиса ба чаҳор манзили маҳаллаи Маҷнунтоли Тирмиз хисорот ворид шуда, яке аз тирҳо ба майдони футболи ҳамин маҳалла низ бархӯрда, хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. Дар маҷмӯъ, аз Афғонистон 5 гулӯла партоб шудааст, ҳарчанд намояндагони толибон 8 мушакро тасдиқ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, муҳимоти ҷангӣ ба қаламрави ҳарду ҷумҳурӣ расидааст. Гуфта мешавад, ки гулӯлаҳо таркишро ба вуҷуд наовардаанд ва онҳо фавран аз ҷониби мақомоти марбута безарар гардонида шуд.Ба иттилои манобеъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо ҷониби Афғонистон барои муайян кардани сабабҳои ҳодиса чораҳои зарурӣ меандешанд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи толибон гуфт, ки омилони ин ҳодиса талош доранд, миёни Ӯзекистон ва Афғонистони дӯст фазои нобоварӣ эҷод кунанд.
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042989028_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_bdab594906fe4d187f64762687abf326.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон силоҳ ӯзбекистон тир
толибон силоҳ ӯзбекистон тир
Толибон силоҳе ёфтаанд, ки аз он ҷониби Ӯзбекистон тир холӣ шудааст: акс
14:00 07.07.2022 (Навсозишуда: 18:29 07.07.2022) Афғонистон ва Ӯзбекистон ҳодисаи ахир дар марзро таҳқиқ мекунанд: толибон мошинеро пайдо карданд, ки ҳамлагарон аз он тир холӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Толибон як силоҳи гулӯлаандозеро пайдо карданд, ки ҳамлагарон аз он ба марзи Ӯзбекистон тир холӣ карданд.
Дар акс дида мешавад, ки дастгоҳ дар паси мошини хурди боркаши сабзавот насб шудааст. Ҷойгиршавии мошин ва ҷузъиёти дигар гуфта нашудааст.
Қаблан як манбаъ дар пулиси вилояти Балхи Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки зарба аз ноҳияи Ҷартани деҳаи Токайи ноҳияи Шӯртеппа анҷом шудааст.
Дар баробари ин ӯ дар бораи машинае, ки аз он гулӯлаҳо парронда шуд, низ сухан ронд.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз ҳамлаи мушакӣ ба марзи ин ҷумҳурӣ расман хабар дод. Ин ниҳод гуфт, ки гулӯлаҳо тахминан аз ҷониби Афғонистон ворид шудаанд.
Дар пайи ин ҳодиса ба чаҳор манзили маҳаллаи Маҷнунтоли Тирмиз хисорот ворид шуда, яке аз тирҳо ба майдони футболи ҳамин маҳалла низ бархӯрда, хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.
Дар маҷмӯъ, аз Афғонистон 5 гулӯла партоб шудааст, ҳарчанд намояндагони толибон 8 мушакро тасдиқ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, муҳимоти ҷангӣ ба қаламрави ҳарду ҷумҳурӣ расидааст.
Гуфта мешавад, ки гулӯлаҳо таркишро ба вуҷуд наовардаанд ва онҳо фавран аз ҷониби мақомоти марбута безарар гардонида шуд.
Ба иттилои манобеъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо ҷониби Афғонистон барои муайян кардани сабабҳои ҳодиса чораҳои зарурӣ меандешанд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи толибон гуфт, ки омилони ин ҳодиса талош доранд, миёни Ӯзекистон ва Афғонистони дӯст фазои нобоварӣ эҷод кунанд.