https://sputnik.tj/20220707/pushtibonii-rusiya-maqomdoron-kiev-1049810441.html
Вакили собиқи Рада дар бораи пуштибонии Русия аз ҷониби мақомдорони Киев гуфт
Вакили собиқи Рада дар бораи пуштибонии Русия аз ҷониби мақомдорони Киев гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи Кива, ҳадди ақал "даҳ оила" аз эшелонҳои баландтарини қудрат омодаанд,дар фурсати аввал Русия ва Украинаро озодро ҷонибдорӣ кунанд
2022-07-07T12:41+0500
2022-07-07T12:41+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
артиш
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046355634_0:0:3309:1862_1920x0_80_0_0_43621c69a88902296a717fd876fc5e72.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Мақомоти Киев афроде доранд, ки фурсати пуштибонӣ аз амалиёти Русияро интизоранд, навиштааст Иля Кива, вакили собиқи Рада дар канали "Telegram"-и худ."Ҳадди ақал се вакили мардумии Украина Верховная Радаро тарк карданд, ки ду нафари онҳо бо Русия барои озод кардани Украина аз режими ҷиноии Зеленский фаъолона кор мекунанд. Ҳадди ақал даҳ нафари дигар аз эшелонҳои олии қудрат омодаанд, ки ба тарафи Русия гузарад ва дар фурсати аввал Украинаро озод кунад", - , навиштааст ӯ. Ба гуфтаи Кива, ин танҳо ибтидо аст ва тарафдорони Русия бештар хоҳанд шуд.Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард.Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Тибқи иттилои Вазорати дифои Федератсияи Русия, то 25 март қувваҳои мусаллаҳ вазифаҳои асосии марҳилаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.Ҳадафи асосӣ дар департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.Донбасс боз қалби Русия хоҳад шудАз ҷумла, Волноваха, як маркази муҳими стратегӣ дар ҷануби Донетск, Мариупол, бузургтарин шаҳри соҳили баҳри Азов ва Святогорск, озод карда шуданд.Рӯзи 3 июл бо ишғол намудани Лисичанск ва манотиқи атрофи он тамоми ҳудуди ҶМЛ аз дасти нерӯҳои Украина озод карда шуд.
https://sputnik.tj/20220707/qodirov-vazifa-navbati-ukraina-1049804981.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046355634_19:0:2750:2048_1920x0_80_0_0_66071d9375e805ecf3cdc34614cc0aba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, ҷонибдорӣ
украина, русия, ҷонибдорӣ
Вакили собиқи Рада дар бораи пуштибонии Русия аз ҷониби мақомдорони Киев гуфт
12:41 07.07.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Ба гуфтаи Кива, ҳадди ақал "даҳ оила" аз масъулини баландпоя омодаанд, дар фурсати аввалин Русия ва Украинаи озодро ҷонибдорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Мақомоти Киев афроде доранд, ки фурсати пуштибонӣ аз амалиёти Русияро интизоранд, навиштааст Иля Кива, вакили собиқи Рада дар канали "Telegram"-и худ.
"Ҳадди ақал се вакили мардумии Украина Верховная Радаро тарк карданд, ки ду нафари онҳо бо Русия барои озод кардани Украина аз режими ҷиноии Зеленский фаъолона кор мекунанд. Ҳадди ақал даҳ нафари дигар аз эшелонҳои олии қудрат омодаанд, ки ба тарафи Русия гузарад ва дар фурсати аввал Украинаро озод кунад", - , навиштааст ӯ.
Ба гуфтаи Кива, ин танҳо ибтидо аст ва тарафдорони Русия бештар хоҳанд шуд.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Тибқи иттилои Вазорати дифои Федератсияи Русия, то 25 март қувваҳои мусаллаҳ вазифаҳои асосии марҳилаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Ҳадафи асосӣ дар департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.
Аз ҷумла, Волноваха, як маркази муҳими стратегӣ дар ҷануби Донетск, Мариупол, бузургтарин шаҳри соҳили баҳри Азов ва Святогорск, озод карда шуданд.
Рӯзи 3 июл бо ишғол намудани Лисичанск ва манотиқи атрофи он тамоми ҳудуди ҶМЛ аз дасти нерӯҳои Украина озод карда шуд.