https://sputnik.tj/20220707/odamrabo-dushanbe-bozdosht-1049804510.html
Одамрабое дар Душанбе боздошт шуд: кӯдаки бегонаеро мехост бо панҷ ҳазор доллар фурӯшад
Одамрабое дар Душанбе боздошт шуд: кӯдаки бегонаеро мехост бо панҷ ҳазор доллар фурӯшад
Sputnik Тоҷикистон
Ӯ кӯдаки як нафари бегонаро аз назди "Деҳқонбозор" бо роҳи фиреб ба маҳаллаи Саховати пойтахт оварда, асно фурӯхтан дастгир шуд
2022-07-07T10:10+0500
2022-07-07T10:10+0500
2022-07-07T13:51+0500
дар тоҷикистон
вкд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0f/1032455582_0:104:1201:779_1920x0_80_0_0_5d16433bfb3cb822b9aea49c3fa7764f.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як сокини 35-солаи пойтахтро бо иттиҳоми одамрабоӣ ва хариду фурӯши ноболиғ боздошт кардааст.Тибқи гузориши ин ниҳод, боздоштшуда асри рӯзи 30 июни соли ҷорӣ дар маҳаллаи Гипрозем бо роҳи фиред писарбачаи панҷсоларо ба ҳудуди боғи "Фирдавсӣ" оварда, қасди фурӯшро дошт.Ин ниҳод мегӯяд, ҳаракатҳои дастгиршуда зери назорат буд ва ҳангоме мехост ноболиғро бо панҷ ҳазор доллар фурӯшад боздошт шуд.Дастгиршуда зимни бозпурсӣ бо маъмурини пулис гуфт, ки бо як фард ошно шуд, ки фарзанд лозим дорад ва ӯро фиред додааст, ки бачаи аппаш гирифта ба ӯ мефурӯшад."Он нафар розӣ шуд, ки панҷ ҳазор медиҳад. Ман назди "Деҳқонбозор" рафам, ки як кӯдак бозӣ дорад ва ба ӯ пешниҳоди хариди яхмос кардамки розӣ шуд. Ӯро гирифтаму ба назди ин нафар барои фурӯш овардам, ки кормандони пулис дастгир карданд", - гуфт дастгиршуда.Ӯ гуфт, агар дастгир намешуд ин кӯдакро бар ивази панҷ ҳазор доллар мефурӯхт.ВКД мегӯяд, ин нахустин ҳолати даст ба ҷиноят задани ин нафар набуда, қаблан низ се маротиба бо ҷурмҳои дуздӣ аз озодӣ маҳрум гардидааст.Гуфта мешавад, алайҳи боздоштшуда бо моддаҳои 130 - одамрабоӣ ва 167-хариду фурӯши ноболиғон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, корҳои тафтишотӣ идома дорад.Ёдовар мешавем, ки ин моддаҳои қонун ҳар кадоме аз панҷ то ҳаштсолӣ зиндонро пешбинӣ мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0f/1032455582_12:0:1187:881_1920x0_80_0_0_180ce9d210b3b440c61060df726ad492.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
одамрабо душанбе боздошт
Одамрабое дар Душанбе боздошт шуд: кӯдаки бегонаеро мехост бо панҷ ҳазор доллар фурӯшад
10:10 07.07.2022 (Навсозишуда: 13:51 07.07.2022) Ӯ кӯдаки як нафари бегонаро аз назди "Деҳқонбозор" бо роҳи фиреб ба маҳаллаи "Саховат"-и пойтахт оварда, аснои фурӯхтан дастгир шудааст
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як сокини 35-солаи пойтахтро бо иттиҳоми одамрабоӣ ва хариду фурӯши ноболиғ боздошт кардааст.
Тибқи гузориши ин ниҳод, боздоштшуда асри рӯзи 30 июни соли ҷорӣ дар маҳаллаи Гипрозем бо роҳи фиред писарбачаи панҷсоларо ба ҳудуди боғи "Фирдавсӣ" оварда, қасди фурӯшро дошт.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳаракатҳои дастгиршуда зери назорат буд ва ҳангоме мехост ноболиғро бо панҷ ҳазор доллар фурӯшад боздошт шуд.
Дастгиршуда зимни бозпурсӣ бо маъмурини пулис гуфт, ки бо як фард ошно шуд, ки фарзанд лозим дорад ва ӯро фиред додааст, ки бачаи аппаш гирифта ба ӯ мефурӯшад.
"Он нафар розӣ шуд, ки панҷ ҳазор медиҳад. Ман назди "Деҳқонбозор" рафам, ки як кӯдак бозӣ дорад ва ба ӯ пешниҳоди хариди яхмос кардамки розӣ шуд. Ӯро гирифтаму ба назди ин нафар барои фурӯш овардам, ки кормандони пулис дастгир карданд", - гуфт дастгиршуда.
Ӯ гуфт, агар дастгир намешуд ин кӯдакро бар ивази панҷ ҳазор доллар мефурӯхт.
ВКД мегӯяд, ин нахустин ҳолати даст ба ҷиноят задани ин нафар набуда, қаблан низ се маротиба бо ҷурмҳои дуздӣ аз озодӣ маҳрум гардидааст.
Гуфта мешавад, алайҳи боздоштшуда бо моддаҳои 130 - одамрабоӣ ва 167-хариду фурӯши ноболиғон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки ин моддаҳои қонун ҳар кадоме аз панҷ то ҳаштсолӣ зиндонро пешбинӣ мекунад.