Нуқус пас аз ошӯбҳои ахир ба ҳаёти осоишта баргашт - видео

Обуна шудан
Тақрибан як ҳафта пас аз ошӯбҳо дар Қарақалпоқистон зиндагӣ ба ҳолати муқаррарӣ баргашт ва иншооти иҷтимоӣ ба таври муқаррарӣ кор мекунанд
Нуқус ба ҳаёти осоишта баргашт. Бозори марказӣ дар Қарақалпоқистон боз аӯ рӯи реҷаи муқаррарӣ кор мекунад. Илова бар ин, ба шаҳр нерӯи барқ, газ ва об мунтазам дода мешавад.
Бетартибие, ки рӯзи 1 июн рух дод, ҳоло танҳо боқимондаҳои мошинҳои сӯхта ба ёд меорад. Дар видео, тоза ба навор гирифта шудааст, маълум аст, ки аҳолӣ зиндагии фаъол дорад.
Нақлиёти ҷамъиятӣ ва хусусӣ озодона ҳаракат мекунад, одамон дар истгоҳҳо меистанд.
Коршиноси тоҷик дар бораи қазияи Қарақалпоқистон: Мардумро дертар шуниданд
Қаблан Зафар Алимов, сардори раёсати Горди миллии Ӯзбекистон гуфта буд, ки дар ошӯб нерӯҳои хориҷӣ даст доранд. Ӯ гуфт, дар байни боздоштшудагон намояндагони давлатҳои хориҷӣ низ ҳастанд.
Ҳоло дар минтақа аз 3 июл то 2 август вазъи изтирорӣ ҷорӣ шудааст. Дар ҷараёни ҳаводиси Нуқус, тибқи иттилои расмӣ, 18 нафар кушта, ҳудуди 250 нафар захмӣ ва беш аз 500 нафар боздошт шуданд.
Мирзиёев гуфт, ошӯбҳо дар Нуқусро кӣ ташкил кардааст
Ёдовар мешавем, ки дар Нуқус эътирозҳои оммавӣ ба далели ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии кишвар, ки эҳтимоли маҳрум кардани мухторияти ин вилоятро пешбинӣ мекард, сар зад.
Лентаи хабарҳо
0