https://sputnik.tj/20220707/natijai-jangi-balkhob-ovora-1049833402.html
27 ҳазор нафар дар натиҷаи ҷанги Балхоб овора шудаанд
27 ҳазор нафар дар натиҷаи ҷанги Балхоб овора шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи СММ гуфттааст, ки 27 ҳазор нафар дар натиҷаи даргириҳо дар вулусволии Балхоби Сарипул овора шудаан
2022-07-07T19:30+0500
2022-07-07T19:30+0500
2022-07-07T21:41+0500
афғонистон
толибон
ҷанг
муҳоҷират
гуреза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/17/1049448079_0:126:2000:1251_1920x0_80_0_0_0ba51213cc96bba893f2fa90531a2e5d.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи СММ ахиран бо нашри хабарномае дар сафҳаи твиттерии худ гуфтааст, ки ин теъдод аз ғайринизомиён ба вилоятҳои шимолӣ ва вилоятҳои марказӣ аз ҷумла Бомиён паноҳ бардаанд.Ин ниҳоди СММ таъкид кардааст, ки тимҳои ин ниҳод дар Балхоб дар садади тадоруки кумак ба даҳ ҳазор нафар ва дар Бомиён ба 6 ҳазор нафар ҳастанд.Дар ҷараёни лашкаркашии толибон ба Балхоб барои саркуби мавлави Маҳдӣ аз фармондиҳони норозии толибон, ғайринизомиёни бештарин осебро мутақобил шуданд.Ёдовар мекунем, ки пас аз он ки фармондиҳ Маҳдӣ, фармондиҳи пешини гурӯҳи толибон бо ин гурӯҳи мухолифатро оғоз кард, гуруҳи толибон бо як лашкар беш аз ҳашт ҳазор нафарӣ болои ин вулусволии юриши барда ва беш аз панҷоҳ ғайринизомиро тирборон ва сар буриданд.Раисҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми август, замоне ки ҷангҷӯёни “Толибон” дар паси дарвозаҳои Кобул истода буданд, кишварашро тарк кард.Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Заҳири Ағбар дар як нишасти матбуотӣ рафтори ӯро “хиёнат ба давлату миллат” номид ва иддао кард, ки “169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст”. Ӯ гуфт, Ғанӣ бояд боздошт шавад ва сарвати миллати Афғонистонро баргардонад.Ашраф Ғанӣ дар паёме дар гуфта буд, “ман ҳеч чизе бо худ набурдаам. Берун овардани пул аз Афғонистон тавассути ман дурӯғ аст. Ман бо як пироҳан аз Афғонистон берун шудам. Ҳар касе бароятон гуфт, раиси ҷумҳуриятон шуморо фурӯхт ва барои манфиати молӣ ва ҳифзи ҷони хеш фирор кард, бовар накунед”.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/17/1049448079_82:0:1919:1378_1920x0_80_0_0_fb4555fb8c426df83ae72dbe647427f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, смм, ҷанг, балхоб, натиҷа, овора, кӯдакон
афғонистон, смм, ҷанг, балхоб, натиҷа, овора, кӯдакон
27 ҳазор нафар дар натиҷаи ҷанги Балхоб овора шудаанд
19:30 07.07.2022 (Навсозишуда: 21:41 07.07.2022) Дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи СММ гуфтааст, ки 27 ҳазор нафар дар натиҷаи даргириҳо дар вулусволии Балхоби Сарипул овора шудаанд
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи СММ ахиран бо нашри хабарномае дар сафҳаи твиттерии худ гуфтааст, ки ин теъдод аз ғайринизомиён ба вилоятҳои шимолӣ ва вилоятҳои марказӣ аз ҷумла Бомиён паноҳ бардаанд.
Ин ниҳоди СММ таъкид кардааст, ки тимҳои ин ниҳод дар Балхоб дар садади тадоруки кумак ба даҳ ҳазор нафар ва дар Бомиён ба 6 ҳазор нафар ҳастанд.
Дар ҷараёни лашкаркашии толибон ба Балхоб барои саркуби мавлави Маҳдӣ аз фармондиҳони норозии толибон, ғайринизомиёни бештарин осебро мутақобил шуданд.
Ёдовар мекунем, ки пас аз он ки фармондиҳ Маҳдӣ, фармондиҳи пешини гурӯҳи толибон бо ин гурӯҳи мухолифатро оғоз кард, гуруҳи толибон бо як лашкар беш аз ҳашт ҳазор нафарӣ болои ин вулусволии юриши барда ва беш аз панҷоҳ ғайринизомиро тирборон ва сар буриданд.
Раисҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми август, замоне ки ҷангҷӯёни “Толибон” дар паси дарвозаҳои Кобул истода буданд, кишварашро тарк кард.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Заҳири Ағбар дар як нишасти матбуотӣ рафтори ӯро “хиёнат ба давлату миллат” номид ва иддао кард, ки “169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст”. Ӯ гуфт, Ғанӣ бояд боздошт шавад ва сарвати миллати Афғонистонро баргардонад.
Ашраф Ғанӣ дар паёме дар гуфта буд, “ман ҳеч чизе бо худ набурдаам. Берун овардани пул аз Афғонистон тавассути ман дурӯғ аст. Ман бо як пироҳан аз Афғонистон берун шудам. Ҳар касе бароятон гуфт, раиси ҷумҳуриятон шуморо фурӯхт ва барои манфиати молӣ ва ҳифзи ҷони хеш фирор кард, бовар накунед”.