https://sputnik.tj/20220707/maskav-pekin-strategi-gustarish-1049811218.html
Маскав ва Пекин ҳамкориҳои стратегиро густариш медиҳанд
Маскав ва Пекин ҳамкориҳои стратегиро густариш медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Федератсияи Русия мегӯяд, Маскав ва Пекин дар пасманзари боздошти ду кишвар, густариши доираи ҳамкориҳои стратегиро идома медиҳанд
2022-07-07T13:00+0500
2022-07-07T13:00+0500
2022-07-07T14:04+0500
дар русия
чин
сергей лавров
сиёсат
ҳамкорӣ
стратегӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/13/1046928332_0:151:3105:1898_1920x0_80_0_0_a7d52de7949a04b5720d7c93b2b98ee6.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Русия ва Чин дар пасманзари сиёсати дукаратаи боздошти Маскав ва Пекин доираи ҳамкориҳои стратегиро васеъ мекунанд, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.Дар ин бора РИА "Новости" хабар медиҳад."Дар пасманзари роҳи стратегии Иёлоти Муттаҳида ва шариконашон барои дучанд нигоҳ доштани рушди кишварҳои мо, мо афзоиш ва тавсеаи ҳамкориҳои амалиро идома медиҳем", - афзуд вазир. Вай таъкид кард, ки захираҳои дохилии равобити Русияву Чин дорои зарфияти азим буда, кишварҳо ба рушди шаклҳои нави ҳамкорӣ новобаста аз омилҳои манфии беруна идома хоҳанд дод.Ин дар ҳолест, ки сухангӯи Кремл Дмитрий Песков хабарҳо дар бораи сарпечӣ кардани раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин аз даъвати сафар ба Русияро рад кард.Ӯ гуфт дар Чин маҳдудиятҳои ковидӣ ҳоло амал мекунанд."Ҳақиқат ин аст, ки маҳдудиятҳои муайяни ковидӣ дар Чин идома доранд ва ин комилан муқаррарӣ аст, ба ин бояд бо фаҳмиш муносибат кард. Ҳам Путин ва ҳам Ҷинпин барои боздид аз кишварҳои якдигар даъватнома доранд. Бо мурури сабук кардани маҳдудиятҳо, албатта, ҳама боздидҳо анҷом дода мешаванд”, - шарҳ дод котиби матбуотии президент.Ногуфта намонад, ки сарони ду кишвар пайваста дар шаклҳои гуногун мулоқот мекунанд.Ҳамин тавр, дар моҳи июн онҳо гуфтугӯҳои телефонӣ анҷом доданд ва инчунин дар нишасти БРИКС тавассути пайванди видеоӣ ширкат карданд.Моҳи феврал раисиҷумҳури Русия дар ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Пекин ширкат дошт.Ҷонибдории Си Ҷинпин аз аъмоли Русия барои ҳимояи манофеаш Тавре сафири Русия Андрей Денисов хабар дод, дар соли 2021 Путин ва Си Ҷинпин, сарфи назар аз пандемия, мунтазам муошират мекарданд, онҳо се занги видеоӣ ва гуфтугӯи телефонӣ ва мубодилаи паёмҳо доштанд.
https://sputnik.tj/20220705/peskov-chin-safar-rusiya-1049762329.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/13/1046928332_187:0:2918:2048_1920x0_80_0_0_f2e310449c21ffe121957c417a9a9959.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав, пекин, ҳамкорӣ
Маскав ва Пекин ҳамкориҳои стратегиро густариш медиҳанд
13:00 07.07.2022 (Навсозишуда: 14:04 07.07.2022) Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, Маскав ва Пекин бо вуҷуди монеагузории кишварҳои ғарбӣ густариши ҳамкориҳои стратегиро идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Русия ва Чин дар пасманзари сиёсати дукаратаи боздошти Маскав ва Пекин доираи ҳамкориҳои стратегиро васеъ мекунанд, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.
Дар ин бора РИА "Новости" хабар медиҳад.
"Мо натиҷаҳои нишасти Пекинро, ки раҳбарони мо вазифаҳои шарикии стратегии моро ба таври муфассал баррасӣ карданд, баҳои баланд медиҳем", - гуфт Лавров дар мулоқот бо вазири умури хориҷии Чин. Ван И.
"Дар пасманзари роҳи стратегии Иёлоти Муттаҳида ва шариконашон барои дучанд нигоҳ доштани рушди кишварҳои мо, мо афзоиш ва тавсеаи ҳамкориҳои амалиро идома медиҳем", - афзуд вазир.
Вай таъкид кард, ки захираҳои дохилии равобити Русияву Чин дорои зарфияти азим буда, кишварҳо ба рушди шаклҳои нави ҳамкорӣ новобаста аз омилҳои манфии беруна идома хоҳанд дод.
Ин дар ҳолест, ки сухангӯи Кремл Дмитрий Песков хабарҳо дар бораи сарпечӣ кардани раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин аз даъвати сафар ба Русияро рад кард.
Ӯ гуфт дар Чин маҳдудиятҳои ковидӣ ҳоло амал мекунанд.
"Ҳақиқат ин аст, ки маҳдудиятҳои муайяни ковидӣ дар Чин идома доранд ва ин комилан муқаррарӣ аст, ба ин бояд бо фаҳмиш муносибат кард. Ҳам Путин ва ҳам Ҷинпин барои боздид аз кишварҳои якдигар даъватнома доранд. Бо мурури сабук кардани маҳдудиятҳо, албатта, ҳама боздидҳо анҷом дода мешаванд”, - шарҳ дод котиби матбуотии президент.
Ногуфта намонад, ки сарони ду кишвар пайваста дар шаклҳои гуногун мулоқот мекунанд.
Ҳамин тавр, дар моҳи июн онҳо гуфтугӯҳои телефонӣ анҷом доданд ва инчунин дар нишасти БРИКС тавассути пайванди видеоӣ ширкат карданд.
Моҳи феврал раисиҷумҳури Русия дар ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Пекин ширкат дошт.
Тавре сафири Русия Андрей Денисов хабар дод, дар соли 2021 Путин ва Си Ҷинпин, сарфи назар аз пандемия, мунтазам муошират мекарданд, онҳо се занги видеоӣ ва гуфтугӯи телефонӣ ва мубодилаи паёмҳо доштанд.