https://sputnik.tj/20220707/barnomai-jahonii-ghizo-gurusna-jahon-vujud-1049838628.html
Барномаи ҷаҳонии ғизо: Беш аз 828 миллион гурусна дар ҷаҳон вуҷуд дорад
Барномаи ҷаҳонии ғизо: Беш аз 828 миллион гурусна дар ҷаҳон вуҷуд дорад
Sputnik Тоҷикистон
Мудири иҷроии барномаи ҷаҳонии ғизои СММ муътақид аст, ки дар ҷаҳон дар ҳоли ҳозир беш аз 828 миллион нафар ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд
2022-07-07T22:00+0500
2022-07-07T22:00+0500
2023-10-02T17:11+0500
смм
ғизо
буҳрон
дар ҷаҳон
афғонистон
ғалла
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/07/1049838338_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_0736209519448761af41880337ada85a.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Дар гузориши созмони милал, ки ахиран мунташир шуд омадааст, теъдоди афроде ки бо гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд дар ҷаҳон дар соли 2021 ба 828 миллион нафар расидааст.Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки шумори гуруснагон ҳудуди 46 миллион бештар аз соли 2020 ва 150 миллион бештар аз қабл аз шурӯи ҳамагирӣ вируси корона аст.Дэвид Бизлӣ, мудири иҷроии барномаи ҷаҳонии ғизои СММ дар ин гузориш хотирнишон кардааст: "дар ибтидои соли 2022 мо бо туфони комил рӯ ба рӯ будем, ки таъсири даргириҳо, тағйироти обу ҳаво, ковид ва таварруми ҷаҳониро таркиб мекард.Вақте фикр кардем, ки аз ин бадтар намешавад ( мо утопияи Афғонистонро доштем) ҳаводиси Украина иттифоқ афтод. Таъсири ин даргирӣ бар амнияти ғизоии ҷаҳон ба ин маънӣ аст, ки теъдоди афроди даргири гуруснагии музмин дар ҷаҳон эҳтимолан бештар аз 828 миллион гузоришшуда шавад.Ба гуфта вай, афзоиши қимати ҷаҳонии маводи ғизоӣ, сӯхту кӯд "метавонад кишварҳоро ба қаҳтӣ бикашанд".Бизлӣ хостори як "тасмим сиёсӣ аст, ки иҷоза медиҳад ғалаҳои Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ арза шавад ва "бандарҳои ин кишвар боз шаванд. Дар айни ҳол, мудири иҷроии барномаи ҷаҳонии ғизо ба лузуми бозгардондани ғаллаҳо ва кӯдҳои Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ ишорае накард.Созмони милал борҳо таҳдиди буҳрони ғизоӣ ба далели камбуди ғалларо эълом кардааст. Ғарб Рӯсияро ба мухолифат бо арзаи ғаллаи Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ муттаҳам мекунад аммо Маскав қотеъона чунин иттиҳомотро рад кардааст.Ҳамчунин мақомоти Киев худ мавонеъи бисёре барои содироти ғалла эҷод кардаанд. Илова бар оташсӯзии ғалла дар бандари Мариупол, неруҳои украинӣ дар дарёии сиёҳи минагузорӣ кардаанд, ки иҷоза намедиҳад ғалларо бо киштҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ мунтақил шавад.Владимири Путин, раисҷумҳури Русия эълом кард, ки ҳеҷ мушкиле дар содироти ғалла аз Украина вуҷуд надорад ва Русия дар ин амр дахолате надорад. Ӯ гуфт, ки агар Украина бандарҳоро аз мина пок кунад, киштиҳои ҳомили ғалла бидӯни ҳеҷ мушкилие метавонанд онҷоро тарк кунанд.
https://sputnik.tj/20220705/gurusnagi-rusiya-gandum-1049761821.html
https://sputnik.tj/20220609/bj-kumakho-smm-faqr-afghonistonro-1049053452.html
афғонистон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/07/1049838338_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_61cfa7f545b8d48ef98743d84f4e46df.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм, гуруснагӣ, ғизо, камбуд, гурусна, ҷаҳон, афғонистон, украина
смм, гуруснагӣ, ғизо, камбуд, гурусна, ҷаҳон, афғонистон, украина
Барномаи ҷаҳонии ғизо: Беш аз 828 миллион гурусна дар ҷаҳон вуҷуд дорад
22:00 07.07.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Мудири иҷроии Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ муътақид аст, ки дар ҷаҳон дар ҳоли ҳозир беш аз 828 миллион нафар ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Дар гузориши созмони милал, ки ахиран мунташир шуд омадааст, теъдоди афроде ки бо гуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд дар ҷаҳон дар соли 2021 ба 828 миллион нафар расидааст.
Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки шумори гуруснагон ҳудуди 46 миллион бештар аз соли 2020 ва 150 миллион бештар аз қабл аз шурӯи ҳамагирӣ вируси корона аст.
Дэвид Бизлӣ, мудири иҷроии барномаи ҷаҳонии ғизои СММ дар ин гузориш хотирнишон кардааст: "дар ибтидои соли 2022 мо бо туфони комил рӯ ба рӯ будем, ки таъсири даргириҳо, тағйироти обу ҳаво, ковид ва таварруми ҷаҳониро таркиб мекард.
Вақте фикр кардем, ки аз ин бадтар намешавад ( мо утопияи Афғонистонро доштем) ҳаводиси Украина иттифоқ афтод. Таъсири ин даргирӣ бар амнияти ғизоии ҷаҳон ба ин маънӣ аст, ки теъдоди афроди даргири гуруснагии музмин дар ҷаҳон эҳтимолан бештар аз 828 миллион гузоришшуда шавад.
Ба гуфта вай, афзоиши қимати ҷаҳонии маводи ғизоӣ, сӯхту кӯд "метавонад кишварҳоро ба қаҳтӣ бикашанд".
“Натиҷаи ин раванд бесуботии ҷаҳонӣ, қаҳтӣ ва муҳоҷирати густарда дар миқёс бесобиқа хоҳад буд", - афзуд вай.
Бизлӣ хостори як "тасмим сиёсӣ аст, ки иҷоза медиҳад ғалаҳои Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ арза шавад ва "бандарҳои ин кишвар боз шаванд. Дар айни ҳол, мудири иҷроии барномаи ҷаҳонии ғизо ба лузуми бозгардондани ғаллаҳо ва кӯдҳои Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ ишорае накард.
Созмони милал борҳо таҳдиди буҳрони ғизоӣ ба далели камбуди ғалларо эълом кардааст. Ғарб Рӯсияро ба мухолифат бо арзаи ғаллаи Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ муттаҳам мекунад аммо Маскав қотеъона чунин иттиҳомотро рад кардааст.
Ҳамчунин мақомоти Киев худ мавонеъи бисёре барои содироти ғалла эҷод кардаанд. Илова бар оташсӯзии ғалла дар бандари Мариупол, неруҳои украинӣ дар дарёии сиёҳи минагузорӣ кардаанд, ки иҷоза намедиҳад ғалларо бо киштҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ мунтақил шавад.
Владимири Путин, раисҷумҳури Русия эълом кард, ки ҳеҷ мушкиле дар содироти ғалла аз Украина вуҷуд надорад ва Русия дар ин амр дахолате надорад. Ӯ гуфт, ки агар Украина бандарҳоро аз мина пок кунад, киштиҳои ҳомили ғалла бидӯни ҳеҷ мушкилие метавонанд онҷоро тарк кунанд.