"Шаъну шарафро паст заданд": президент ду судяро аз мақом барканор кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти УзбекистонЭмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон бо судури фармон ду судяро аз мақом барканор кард. Далели барканори судяҳо паст задани шаъну эътибор гуфта шуд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон бо имзои як фармон ду судяро аз вазифа барканор кард.
Дар ин бора котиботи президенти Тоҷикистон бо нашр намудани матни ду фармон хабар дод.
Тибқи фармони якуми роҳбари давлат Носирӣ Ҷамшед аз мақоми суди иқтисодии ВМКБ озод карда шуд.
"Носирӣ Ҷамшед бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад", - омадааст дар фармони роҳбари давлат.
Ҳамчунин, бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ барканор шуд.
Дар фармони барканории Рустам Сайдаҳмад омадааст, ки ӯ низ бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифа сабукдӯш гардид.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Раҳмон додрасҳо дар ВМКБ ва Суғдро барканор кард: сабаб
Қаблан низ, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон додрасҳо дар ВМКБ, Суғд ва ноҳияи Шоҳмансури аз вазифаашон озод шуданд.
Он замон барканории судя дар ВМКБ -ро котиботи президент расидан ба синни нафақа арзёбӣ кард.
Додрасҳои вилояти Суғд ва ноҳияи Шоҳмансурро президент бинобар вазъи саломатии онҳо аз вазифа барканор кард.
Лентаи хабарҳо
0