Левченко расман сармураббии "Нафтчӣ"-и Ӯзбекистон таъйин шуд

© ФК ИСТИКЛОЛГлавный тренер душанбинского «Истиклола» Виталий Левченко
Главный тренер душанбинского «Истиклола» Виталий Левченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Сармураббии варзида аз соли 2020 ба ин сӯ дастаи "Истиқлол" -и Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Чанде пеш ӯ ин тимро тарк карда буд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Собиқ сармураббии дастаи "Истиқлол" -и Тоҷикистон, Виталий Левченко ҳамакнун расман роҳбари тими "Нафтчӣ"-и Ӯзбекистон таъйин шуд.
Манобеи Pressa.tj хабар медиҳад, ки Левченкоро дар як ҷаласа бо иштироки раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, раиси Федератсияи футболи ин вилоят ва раиси шаҳри Фарғона муаррифӣ намуданд.
Ҳамин тариқ, собиқ сармурабии тими "Истиқлол" футболбозони ӯзбекро тамрин медиҳад.
Левченко пас аз бохтҳои пай дар пайи "Истиқлол" дастаро тарк кард
Дар Тоҷикистон шартномаи ӯ бо дастаи "Истиқлол" моҳи гузашта ба анҷом расид ва тибқи хабарҳо ҳар ду ҷониб дигар зарурати тамдид намудани шартномаро қабул надоштанд.
Ин тим ҳарчанд дар мавсими гузашта бо роҳбарии Левченко дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи худ мақоми аввал ишғол намуда, ба даври 1/8 ниҳоӣ баромада буд. Вале соли равон тими "Истиқлол" дар Лигаи Осиё ба даври плей-офф ҳам роҳ наёфт.
"Равшан" садрнишини чемпионати Тоҷикистон шуд: эълони танаффуси якмоҳа дар мусобиқа
Қаблан хабарҳо нашр шуданд, ки Левченко фаъолияти минбаъдаашро дар бошгоҳи "Тӯрон" -и Ӯзбекистон идома медиҳад, вале ҳоло дақиқ шуд, ки ӯ дастаи "Нафтчӣ" -и ин кишарро роҳбарӣ мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ ба дӯши Алишер Тухтаев вогузор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0