https://sputnik.tj/20220706/korshinos-qaroqalpoqiston-mardum-1049802582.html
Коршиноси тоҷик дар бораи қазияи Қарақалпоқистон: Мардумро дертар шуниданд
Коршиноси тоҷик дар бораи қазияи Қарақалпоқистон: Мардумро дертар шуниданд
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси тоҷик, аҳолии Қароқалпоқистонро мардумони бисёр босабр мешиносад, ки ҳамеша аз рухдоди шаклҳои мухталифи эътирозҳои оммавӣ худдорӣ меварзиданд
2022-07-06T22:00+0500
2022-07-06T22:00+0500
2022-07-07T12:56+0500
ӯзбекистон
ошӯб
андеша
сиёсат
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/19/1031791422_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_899718f2a7a9e12f9e65e93ebd3704d7.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ дар бораи рухдоди воқеаҳои ахир дар минтақаи Қарақалпоқистони Ӯзбекистон изҳори назар кард.Ҳакимов гуфт, аҳолии ин минтақаро мардумони бисёр босабр мешиносад, ки ҳамеша аз рухдоди шаклҳои мухталифи эътирозҳои оммавӣ пешгирӣ мекарданду худдорӣ меварзиданд."Вакили он минтақа дар доираи салоҳияташ оид ба эҳтимолияти паёмадҳои манфии тағйирот дар Қонуни асосиро зикр кард, вале ҳеҷ гуши шунаво пайдо нашуд. Ин ҳол боиси он гардид, ки мардуми зиёде кӯчаҳои марказии Нуқус ба нишони эътироз баромаданд” – гуфт, коршинос. Ӯ, сафари раисҷумҳур Шавкат Мирзиёевро ба ин минтақаи кишвараш барои танзими раванди тазоҳуротро масъулияти баланди ҳуқуқӣ ва давлатдорӣ донист. Коршинос гуфт, президент дарк кард, ки низоми қонунгузориро намешавад якҷониба ва бидуни афкори қобили мулоҳизаи мардум тағйир дод. "Бе дарназардошти назару муҳокимаи мардум ворид намудани тағйирот самараи дуруст ба бор намеоварад, раисиҷумҳур Мирзиёев инро хуб дарк кард ва тарафдорӣ кард, ки моддаҳои пешбинишаванда ба қонуни асосии кишвар, ки “мухторият”-и Қарақалпоқистонро аз байн мебаранд, барқарор шавад” – иброз намуд, Ҳакимов. Ба андешаи коршинос ин ташаббуси раисиҷумҳур заминаи ташаккули дурусти фарҳанги сиёсӣ хоҳад гардид, аз ҷониби дигар ҳам худи мардум дарку эҳсос мекунанд, ки роҳбар натиҷаи ифодаи иродаи онҳо мебошад. Сокинони Қароқалпоқистон чанд рӯз пеш ба зидди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон эътироз карданд. Мардум мегӯянд, ба зидди ислоҳи Конститутсияи Ӯзбекистон, ки мустақилии онҳоро аз байн мебурд, тазоҳурот карданд. Ҳукумат тазоҳуротро ғайриқонунӣ донист ва эътирозгаронро ба "кӯшиши ғасби идораҳои давлатӣ" муттаҳам кард. Сокинон гуфтаанд, аз ислоҳҳои вобаста ба Қароқалпоқистн дар Қонуни асосии Ӯзбекистон норозиянд.Дар Нуқус ҳангоми ошӯбҳо шаҳрвандони хориҷӣ боздошт шудаандДодситонии кулли Ӯзбекистон рӯзи 4-уми июл гуфт, дар пайи нооромиҳо дар шаҳри Нуқуси Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон 243 нафар, аз ҷумла 38 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ захмӣ шуда, 18 кас ба ҳалокат расидааст. Дар банди вобаста ба мақоми Қароқалпоқистон калимаи "мустақил"-ро бардоштаанд ва дар он ишорае ба ҳаққи ҷудо шудани ин ҷумҳурии мухтор аз қаламрави Ӯзбекистон нест. Ахиран рӯзи 2 -юми июл раисиҷумҳури Узбекистон гуфт, ислоҳи панҷ моддаи Конститутсияи Ӯзбекистон, ки ба истиқлоли Қароқалпоқистон пайванд дорад ва боиси норозигии мардум шудааст, "бетағйир гузошта шавад". Бар асари ошӯбҳо дар шаҳри Нуқуси Ӯзбекистон 18 нафар кушта шуд Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон дар ҳудуди Ӯзбекистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави ин кишвари Осиёи Марказиро ташкил медиҳад. Феълан дар Қароқалпоқистон вазъ ором аст ва барои таъмини амнияти сокинон вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст ва то 2-юми август идома хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220706/mirziyoev-oshubho-nuqus-kiho-tashkil-1049798121.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/19/1031791422_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_76ea09795c7b991b29ed50e688bb2cd3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршинос, воқеаҳо, қароқалпоқистон
коршинос, воқеаҳо, қароқалпоқистон
Коршиноси тоҷик дар бораи қазияи Қарақалпоқистон: Мардумро дертар шуниданд
22:00 06.07.2022 (Навсозишуда: 12:56 07.07.2022) Эксклюзив
Коршиноси тоҷик аҳолии Қарақалпоқистонро мардумони бисёр босабр мешиносад, ки ҳамеша аз рухдоди шаклҳои мухталифи эътирозҳои оммавӣ худдорӣ меварзиданд
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ дар бораи рухдоди воқеаҳои ахир дар минтақаи Қарақалпоқистони Ӯзбекистон изҳори назар кард.
Ҳакимов гуфт, аҳолии ин минтақаро мардумони бисёр босабр мешиносад, ки ҳамеша аз рухдоди шаклҳои мухталифи эътирозҳои оммавӣ пешгирӣ мекарданду худдорӣ меварзиданд.
"Вакили он минтақа дар доираи салоҳияташ оид ба эҳтимолияти паёмадҳои манфии тағйирот дар Қонуни асосиро зикр кард, вале ҳеҷ гуши шунаво пайдо нашуд. Ин ҳол боиси он гардид, ки мардуми зиёде кӯчаҳои марказии Нуқус ба нишони эътироз баромаданд” – гуфт, коршинос.
Ӯ, сафари раисҷумҳур Шавкат Мирзиёевро ба ин минтақаи кишвараш барои танзими раванди тазоҳуротро масъулияти баланди ҳуқуқӣ ва давлатдорӣ донист.
Коршинос гуфт, президент дарк кард, ки низоми қонунгузориро намешавад якҷониба ва бидуни афкори қобили мулоҳизаи мардум тағйир дод.
"Бе дарназардошти назару муҳокимаи мардум ворид намудани тағйирот самараи дуруст ба бор намеоварад, раисиҷумҳур Мирзиёев инро хуб дарк кард ва тарафдорӣ кард, ки моддаҳои пешбинишаванда ба қонуни асосии кишвар, ки “мухторият”-и Қарақалпоқистонро аз байн мебаранд, барқарор шавад” – иброз намуд, Ҳакимов.
Ба андешаи коршинос ин ташаббуси раисиҷумҳур заминаи ташаккули дурусти фарҳанги сиёсӣ хоҳад гардид, аз ҷониби дигар ҳам худи мардум дарку эҳсос мекунанд, ки роҳбар натиҷаи ифодаи иродаи онҳо мебошад.
Сокинони Қароқалпоқистон чанд рӯз пеш ба зидди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон эътироз карданд. Мардум мегӯянд, ба зидди ислоҳи Конститутсияи Ӯзбекистон, ки мустақилии онҳоро аз байн мебурд, тазоҳурот карданд.
Ҳукумат тазоҳуротро ғайриқонунӣ донист ва эътирозгаронро ба "кӯшиши ғасби идораҳои давлатӣ" муттаҳам кард. Сокинон гуфтаанд, аз ислоҳҳои вобаста ба Қароқалпоқистн дар Қонуни асосии Ӯзбекистон норозиянд.
Додситонии кулли Ӯзбекистон рӯзи 4-уми июл гуфт, дар пайи нооромиҳо дар шаҳри Нуқуси Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон 243 нафар, аз ҷумла 38 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ захмӣ шуда, 18 кас ба ҳалокат расидааст.
Дар банди вобаста ба мақоми Қароқалпоқистон калимаи "мустақил"-ро бардоштаанд ва дар он ишорае ба ҳаққи ҷудо шудани ин ҷумҳурии мухтор аз қаламрави Ӯзбекистон нест.
Ахиран рӯзи 2 -юми июл раисиҷумҳури Узбекистон гуфт, ислоҳи панҷ моддаи Конститутсияи Ӯзбекистон, ки ба истиқлоли Қароқалпоқистон пайванд дорад ва боиси норозигии мардум шудааст, "бетағйир гузошта шавад".
Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон дар ҳудуди Ӯзбекистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави ин кишвари Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.
Феълан дар Қароқалпоқистон вазъ ором аст ва барои таъмини амнияти сокинон вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст ва то 2-юми август идома хоҳад кард.