Дар Тоҷикистон аз ҳама касбҳои сердаромадро гуфтанд

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Мисли пештара дар ҷумҳурӣ намояндагони соҳаҳои хоҷагии қишлоқ аз ҳама кам, аммо мақомоти умури бонкӣ маоши бештар аз дигар кормандонро мегиранд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон маоши баландтаринро кормандони бахши молия мегиранд. Инчунин, кормандони бозори суғурта ба қатори категорияҳои коргарони муздгиранда дохил мешаванд.
Ба ин тартиб, тибқи омор, маоши коргарони ин бахшҳо беш аз 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Музди кори кормандони соҳаи алоқа 3,5 ҳазор сомонӣ, дар бозори нақлиёт 2,3 ҳазор сомониро ташкил дод.
Зимнан, солҳои тӯлонӣ маоши камтарин барои кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорон – 726 сомонӣ будааст.
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Афзоиши 20-дарсадии маошу стипендия дар Тоҷикистон
Музди миёнаи якмоҳаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ 168о сомониро ташкил дод.
Маоши ҳадди дар Тоҷикистон аз 1 июл ба 600 сомонӣ баробар шудааст. Пеш аз ин музди ҳадди ақал 400 сомониро ташкил медод.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи январи соли ҷорӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи афзоиши кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва маошро имзо кард.
Маблағи пардохт дар баъзе навоҳӣ 25 фоиз афзуд. Инчунин, стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла, ҳарбӣ 20% зиёд карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0