https://sputnik.tj/20220705/qazoqiston-sodirot-benzin-suzishvori-dizel-man-mekunad-1049754546.html
Қазоқистон содироти бензину сӯзишвории дизелиро тавассути мошинҳо манъ кард
Қазоқистон содироти бензину сӯзишвории дизелиро тавассути мошинҳо манъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Сар аз 12 июл Қазоқистон содироти як қатор маводи сӯзишворӣ ва молиданиро ба муддати шаш моҳ манъ мекунад. Ин маҳдудият эҳтимол нархи маводи сӯхтро гарон кунад
2022-07-05T14:15+0500
2022-07-05T14:15+0500
2022-07-05T18:17+0500
осиёи марказӣ
қазоқистон
нақлиёт
бензин
сӯзишворӣ
содирот
манъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/07/1047430591_0:63:1350:822_1920x0_80_0_0_76ede9d0b128d5ee37d71e946da6c162.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ҳукумати Қазоқистон расман содироти сӯзишвориро бо роҳи автомобилгард маҳдуд кард, хабар медиҳад котиботи Вазорати энергетикаи ин кишвар.Бар хабари манбаъ, вазирони энергетика, молия, умури дохилӣ ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ фармонҳои "Дар бораи баъзе масъалаҳои содироти маҳсулоти нафтӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон"-ро имзо карданд, ки содироти бензин ва сӯзишвории дизелиро барои шаш моҳ манъ мекунад. Тибқи фармоне, ки дар системаи иттилоотии "Параграф" нашр шудааст, аз 12 июли соли ҷорӣ манъи содироти бензин ва сӯзишвории дизелӣ тариқи мошинҳо ба муддати шаш моҳ амал мекунад."Ба муддати шаш моҳ содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ ва баъзе навъҳои маҳсулоти нафтӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон тавассути роҳи автомобилгард, ба истиснои равғанҳои молиданӣ ва ба истиснои содирот дар зарфҳои газ манъ карда шавад", - омадааст дар хабарнома.Зимнан, Кумитаи давлатии даромадҳои Вазорати молияи Қазоқистон вазифадор шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо Хадамоти сарҳадии Кумитаи даалатии амнияти миллӣ барои таъмини мамнӯъият чораҳои зарурӣ андешад.Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон низ муваззаф шуд, ки дар пешгирӣ аз содироти бензин ва сӯзишвории дизелӣ мусоидат кунад.Ёдовар мешавем, ки қаблан, аз 21 ноябри соли 2021 Қазоқистон содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ, инчунин баъзе навъҳои маҳсулоти нафтӣ тавассути нақлиёти автомобилиро ба муддати шаш моҳ манъ карда буд.Ин маҳдудият то кунун ба истиснои содирот дар зарфҳои газе, ки аз ҷониби истеҳсолкунандаи воситаҳои нақлиёт пешниҳод шудааст, инчунин дар зарфҳои алоҳида бо хаҷми на бештар аз 20 литр амалӣ мешуд.Қасди Қазоқистон барои тамдиди маҳдудияти содироти маводи сӯхт аз тариқи автомобилМаврид ба зикр аст, ки дафтари матбуотии Вазорати энержии Қазоқистон қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар ин кишварро дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсояааш поинтар хонда буд.Ба гуфтаи ин ниҳод, дар пасманзари нобаробарии нархҳо дар навоҳии наздимарзии ин ҷумҳурӣ, “далелҳои нафтшӯӣ тавассути ҷараёни зиёди нақлиёти транзитӣ ва аз ҷониби сокинони навоҳии ҳамсояи наздимарзӣ мушоҳида мешавад".Бо назардошти он ки Қазоқистон яке аз ду кишвари аслии таъминкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон аст, ҳар гуна тағйирот дар бозори сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ таъсир мерасонад.
https://sputnik.tj/20220629/arzish-suzishvori-dizel-sughd-garon-1049611837.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/07/1047430591_150:0:1350:900_1920x0_80_0_0_6b7a40b606bc95b4465400dc55e75368.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон бензин, дизел содирот манъ
қазоқистон бензин, дизел содирот манъ
Қазоқистон содироти бензину сӯзишвории дизелиро тавассути мошинҳо манъ кард
14:15 05.07.2022 (Навсозишуда: 18:17 05.07.2022) Сар аз 12 июл Қазоқистон содироти сӯзишворӣ ва молиданиро ба муддати шаш моҳ манъ мекунад. Ин маҳдудият эҳтимол нархи маводи сӯхт дар кишварро гарон кунад
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ҳукумати Қазоқистон расман содироти сӯзишвориро бо роҳи автомобилгард маҳдуд кард, хабар медиҳад котиботи Вазорати энергетикаи ин кишвар.
Бар хабари манбаъ, вазирони энергетика, молия, умури дохилӣ ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ фармонҳои "Дар бораи баъзе масъалаҳои содироти маҳсулоти нафтӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон"-ро имзо карданд, ки содироти бензин ва сӯзишвории дизелиро барои шаш моҳ манъ мекунад.
Тибқи фармоне, ки дар системаи иттилоотии "Параграф" нашр шудааст, аз 12 июли соли ҷорӣ манъи содироти бензин ва сӯзишвории дизелӣ тариқи мошинҳо ба муддати шаш моҳ амал мекунад.
"Ба муддати шаш моҳ содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ ва баъзе навъҳои маҳсулоти нафтӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон тавассути роҳи автомобилгард, ба истиснои равғанҳои молиданӣ ва ба истиснои содирот дар зарфҳои газ манъ карда шавад", - омадааст дар хабарнома.
Зимнан, Кумитаи давлатии даромадҳои Вазорати молияи Қазоқистон вазифадор шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо Хадамоти сарҳадии Кумитаи даалатии амнияти миллӣ барои таъмини мамнӯъият чораҳои зарурӣ андешад.
Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон низ муваззаф шуд, ки дар пешгирӣ аз содироти бензин ва сӯзишвории дизелӣ мусоидат кунад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан, аз 21 ноябри соли 2021 Қазоқистон содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ, инчунин баъзе навъҳои маҳсулоти нафтӣ тавассути нақлиёти автомобилиро ба муддати шаш моҳ манъ карда буд.
Ин маҳдудият то кунун ба истиснои содирот дар зарфҳои газе, ки аз ҷониби истеҳсолкунандаи воситаҳои нақлиёт пешниҳод шудааст, инчунин дар зарфҳои алоҳида бо хаҷми на бештар аз 20 литр амалӣ мешуд.
Маврид ба зикр аст, ки дафтари матбуотии Вазорати энержии Қазоқистон қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар ин кишварро дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсояааш поинтар хонда буд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, дар пасманзари нобаробарии нархҳо дар навоҳии наздимарзии ин ҷумҳурӣ, “далелҳои нафтшӯӣ тавассути ҷараёни зиёди нақлиёти транзитӣ ва аз ҷониби сокинони навоҳии ҳамсояи наздимарзӣ мушоҳида мешавад".
Бо назардошти он ки Қазоқистон яке аз ду кишвари аслии таъминкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон аст, ҳар гуна тағйирот дар бозори сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ таъсир мерасонад.