https://sputnik.tj/20220705/amonzoda-suporish-prezident-nohiya-roshtqala-1049751680.html
Амонзода бо супориши президент ба ноҳияи Роштқалъа рафт
Амонзода бо супориши президент ба ноҳияи Роштқалъа рафт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамроҳӣ кард.
2022-07-05T12:50+0500
2022-07-05T12:50+0500
2022-07-05T18:33+0500
дар тоҷикистон
вмкб
ширин амонзода
роштқалъа
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103061/26/1030612637_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_17cb35b31af5783f3c61252872398f77.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода ба ВМКБ сафар кард.Дар ин бора дафтари матбуотии ҳокимияти вилояти мазкур хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Амонзода нахуст аз ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ дидан кард. Ӯро дар ин сафар, раиси вилоят, Алишер Мирзонабот низ ҳамроҳӣ кард.Гуфта мешавад, Амонзода ва Мирзонабот аз рафти сохтмони бинои Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Роштқалъа шинос шуданд.Бояд гуфт, биное, ки то ҳол кормандони ин ниҳод он ҷо фаъолият мекунанд, солҳои 30-юми асри гузашта сохта шуда, ниҳоят фарсуда аст. Ҳамин тариқ, бинои нав бояд моҳи июли соли 2023 сохта ва мавриди истифода қарор гирад.Зимни шинос шудан бо корҳои сохтмонӣ, Ширин Амонзода ба масъулин барои босифат ва саривақтӣ анҷом додани бино супоришҳои мушаххас доданд.Ёдовар мешавем, муддати чанд ҳафта мешавад, ки вазирону раисони ниҳодҳои гуногуни кишвар бо супориши Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ қарор доранд.Ин минтақаи дурдасти кӯҳӣ чанд муддат дар гирдоби ноамниҳо қарор гирифт ва мақомот мобайнҳои моҳи май дар вилоят амалиёти вижа пиёда намуданд, ки дар натиҷа чандин нафар куштаву захмӣ шуданд.Ноамниҳо дар ВМКБ пас боздошт ва кушта шудани сокини ноҳияи Роштқалъа, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро "ҷинояткор" эълон карданд, сар зад. Феълан вазъият дар вилояти мазкур ором буда, дар ноҳияҳои алоҳида корҳои ободонӣ ҷараён доранд.
https://sputnik.tj/20220626/mutakhassis-geolog-sanoat-peshnihod-sherali-kabir-dom-khorugh-1049518181.html
вмкб
роштқалъа
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103061/26/1030612637_88:0:1903:1361_1920x0_80_0_0_023a3371d08b2e4273f60052b84f99f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ширин амонзода роштқалъа вмкб сафар
ширин амонзода роштқалъа вмкб сафар
Амонзода бо супориши президент ба ноҳияи Роштқалъа рафт
12:50 05.07.2022 (Навсозишуда: 18:33 05.07.2022) Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро, ки ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карда, ӯро дар дидорҳояш бо сокинон раиси вилоят ҳамроҳӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода ба ВМКБ сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии ҳокимияти вилояти мазкур хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Амонзода нахуст аз ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ дидан кард. Ӯро дар ин сафар, раиси вилоят, Алишер Мирзонабот низ ҳамроҳӣ кард.
Гуфта мешавад, Амонзода ва Мирзонабот аз рафти сохтмони бинои Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Роштқалъа шинос шуданд.
Бояд гуфт, биное, ки то ҳол кормандони ин ниҳод он ҷо фаъолият мекунанд, солҳои 30-юми асри гузашта сохта шуда, ниҳоят фарсуда аст. Ҳамин тариқ, бинои нав бояд моҳи июли соли 2023 сохта ва мавриди истифода қарор гирад.
Зимни шинос шудан бо корҳои сохтмонӣ, Ширин Амонзода ба масъулин барои босифат ва саривақтӣ анҷом додани бино супоришҳои мушаххас доданд.
Ёдовар мешавем, муддати чанд ҳафта мешавад, ки вазирону раисони ниҳодҳои гуногуни кишвар бо супориши Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ қарор доранд.
Ин минтақаи дурдасти кӯҳӣ чанд муддат дар гирдоби ноамниҳо қарор гирифт ва мақомот мобайнҳои моҳи май дар вилоят амалиёти вижа пиёда намуданд, ки дар натиҷа чандин нафар куштаву захмӣ шуданд.
Ноамниҳо дар ВМКБ пас боздошт ва кушта шудани сокини ноҳияи Роштқалъа, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро "ҷинояткор" эълон карданд, сар зад.
Феълан вазъият дар вилояти мазкур ором буда, дар ноҳияҳои алоҳида корҳои ободонӣ ҷараён доранд.