https://sputnik.tj/20220703/tarkish-belgorod-se-nafar-halokat-1049698749.html
Бар асари таркишҳои пай дар пай дар Белгород се нафар ба ҳалокат расиданд
Бар асари таркишҳои пай дар пай дар Белгород се нафар ба ҳалокат расиданд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилоят ба сокиноне, ки хонаҳояшон хароб шудааст, итминон додааст, ки дар зудтарин фурсат онҳоро барқарор ва тамоми ёрии лозимаро мерасонад 03.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-03T10:58+0500
2022-07-03T10:58+0500
2022-07-03T13:09+0500
дар русия
белгород
таркиш
кушта шуданд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/03/1049699073_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_f47ca99fc5a400db9a72ebe6eb81bceb.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бомдоди 3 июл дар вилояти Белгород таркишҳои пай дар пай сар задааст, ки бар асари он куштаву маҷруҳон низ будаанд.Вячеслав Гладков, раиси ин вилоят гуфт, бар асари таркишҳо як бинои истиқоматии хусусӣ дар Белгород оташ гирифт, се нафар қурбони ин ҳодиса шуда, чаҳор нафари дигар захмӣ шудаанд. Ӯ гуфт, миёни захмиён як кӯдаки даҳсола низ ҳаст ва ҳолати як ҷароҳатбардошта вахим арзёбӣ мешавад.Номбурда гуфт, бо сар задани ҳодиса Хадамоти фаврӣ ва намояндагони мақомот ба ҷои ҳодиса рафтанд. Тибқи иттилои пешакӣ, дар 11 бинои истиқоматӣ ва дастикам 39 хонаи шахсӣ қисман хароб шудааст. Панҷ хонаи шахсӣ комилан хароб шудааст. "Сабабҳои ҳодиса таҳқиқ мешаванд, эҳтимолан системаи дифоъи ҳавоӣ кор кардааст", - навиштааст Вячеслав Гладков.Губернатор ба сокинон итминон додааст, ки корҳои барқарорсозӣ аз 3 июл оғоз мешаванд. Ҳоло харобиҳо ба қайд гирифта шуда, тамоми хонаҳо барқарор ва ба сокинон ёрии зарурӣ расонида мешавад.Ҳамзамон ба иттилои RT, сокинони Курск низ садои таркишҳоро шабона шуниданд. Губернатори вилоят Роман Старовойт гуфт, нерӯҳои зиддиҳавоии Русия ду ҳавопаймои бесарнишини Украинаро сарнагун карданд.
белгород
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/03/1049699073_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_4925cb1895ad8fe1a5c8e4367e27bac9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, белгород, таркиш, кушта шуданд
дар русия, белгород, таркиш, кушта шуданд
Бар асари таркишҳои пай дар пай дар Белгород се нафар ба ҳалокат расиданд
10:58 03.07.2022 (Навсозишуда: 13:09 03.07.2022) Раиси вилоят ба сокиноне, ки хонаҳояшон хароб шудааст, итминон додааст, ки дар зудтарин фурсат онҳоро барқарор ва тамоми ёрии лозимаро мерасонад
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бомдоди 3 июл дар вилояти Белгород таркишҳои пай дар пай сар задааст, ки бар асари он куштаву маҷруҳон низ будаанд.
Вячеслав Гладков, раиси ин вилоят гуфт, бар асари таркишҳо як бинои истиқоматии хусусӣ дар Белгород оташ гирифт, се нафар қурбони ин ҳодиса шуда, чаҳор нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ӯ гуфт, миёни захмиён як кӯдаки даҳсола низ ҳаст ва ҳолати як ҷароҳатбардошта вахим арзёбӣ мешавад.
Номбурда гуфт, бо сар задани ҳодиса Хадамоти фаврӣ ва намояндагони мақомот ба ҷои ҳодиса рафтанд. Тибқи иттилои пешакӣ, дар 11 бинои истиқоматӣ ва дастикам 39 хонаи шахсӣ қисман хароб шудааст. Панҷ хонаи шахсӣ комилан хароб шудааст.
"Сабабҳои ҳодиса таҳқиқ мешаванд, эҳтимолан системаи дифоъи ҳавоӣ кор кардааст", - навиштааст Вячеслав Гладков.
Губернатор ба сокинон итминон додааст, ки корҳои барқарорсозӣ аз 3 июл оғоз мешаванд. Ҳоло харобиҳо ба қайд гирифта шуда, тамоми хонаҳо барқарор ва ба сокинон ёрии зарурӣ расонида мешавад.
Ҳамзамон ба иттилои RT, сокинони Курск низ садои таркишҳоро шабона шуниданд. Губернатори вилоят Роман Старовойт гуфт, нерӯҳои зиддиҳавоии Русия ду ҳавопаймои бесарнишини Украинаро сарнагун карданд.