Озмоиши парвоз ба Моҳ дар Русия бомуваффақият анҷом ёфт - видео

Обуна шудан
Панҷ узви ҳайати кайҳоннавардон 24 рӯзро дар дастгоҳи махсуси парвозӣ гузаронда, кори экспедитсияи кайҳониро дар шароити наздик ба воқеият тамрин намуданд
Тамринҳои парвози инсон ба Моҳ бо муваффақият анҷом ёфтанд. Озмоишҳои ҳайати кайҳоннавардон дар шароити кайҳонӣ ҷудогона давоми 8 моҳ дар Пажуҳишгоҳи масоили тиббӣ - биологии Академияи улуми Русия гузаронда шудаанд.
Таъкид шудааст, ки 5 нафар, аз ҷумла се мард ва ду зан 240 шабонарӯзро дар шароити наздик ба экспедитсияи кайҳонӣ дар мадор ва сатҳи Моҳ паси сар карданд.
Бо гузаштани ин муҳлат, рӯзи 3 июл ҳайати иштирокдорони озмоиш, бори аввал маҷмааи санҷиширо, ки шароити киштии кайҳониро дорад, тарк намуданд.
Фармондеҳи ҳайати мазкур, Олег Блинов баъди берун шудан аз маҷмаа гузориш дод, ки барнома бомуваффақият ба таври комил анҷом дода шуд.
Юрий Гагаринро дар саросари ҷаҳон чӣ гуна пешвоз гирифтанд? - акс
Маврид ба зикр аст, ки озмоиши SIRIUS-21, ки ҳадафаш омодасозии инсон ба парвози идорашаванда сӯи Моҳ мебошад, охири соли 2021 оғоз шуда буд.
Озмоиши мазкурро олимони Академияи улуми Русия, NASA, ожонсиҳои кайҳонӣ, корхонаҳои ин соҳа ва инчунин мутахассисони бахшҳои гуногун аз кишварҳои мухталиф гузаронданд.
Таъкид шудааст, ки дар вақти холӣ аъзои тими озмоишӣ китоб мехонданду забон меомӯхтанд.
Ҳар иштирокдори ин иқдом ҳақ дошт, дар ҳар вақте хост, озмоишро бидуни шарҳи сабабҳоҳо тарк намояд. Қаблан гуфта мешуд, ки ба маҷмааи махсуси озмоишӣ 6 нафар даромаданд.
Лентаи хабарҳо
0