https://sputnik.tj/20220703/mirziyoev-qoroqalpoqiston-holat-favquloda-1049696963.html
Мирзиёев дар Қороқалпоқистон ҳолати фавқулодда эълон кард
Мирзиёев дар Қороқалпоқистон ҳолати фавқулодда эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазъияти фавқулода дар Қароқалпоқистон ба манзури тазмини амнияти шаҳрвандон ва бозгардонии назму қонун ҷорӣ шудааст, ки як моҳ давом мекунад
2022-07-03T09:07+0500
2022-07-03T09:07+0500
2022-07-04T19:54+0500
шавкат мирзиёев
ӯзбекистон
ом
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103154/27/1031542738_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_eea14de05c456b738c8645317415086e.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар Қороқалпоқистон бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баъди бетартибиҳо вазъияти фавқулода ҷорӣ карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ин кишвар.Вазъияти изтирорӣ то 2 август идома хоҳад кард.Гуфта меҳавад, ки ин тасмим ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо, барқарор намудани тартиботи қонун дар қаламрави Қароқалпоқистон гирифта шудааст.Дар баробари ин, раисҷумҳури Ӯзбекистон омода аст, ки аз ислоҳот ба конститутсия, ки марбут ба соҳибихтиёрии Қороқалпоқистон аст, даст кашад.Мирзиёев гуфт, ки дар шароити феълӣ нигоҳ доштани “дӯстӣ ва бародарии қадимӣ, эҳтироми ҳамдигар ва меҳрубонӣ” муҳим аст. Вай ҳамчунин аз ҳифзи ваҳдат, фазои сулҳу субот, ки тӯли "асрҳо" дар давлат буд, ёдовар шуд. Қобили зикр аст, ки тибқи Сарқонуни Ӯзбекистон, ҳангоми ҷорӣ кардани вазъи фавқулода дар даромадгоҳ ва баромади Қорақалпоғистон қувва ва воситаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҷалб карда мешаванд. Қувваҳои амниятӣ иншоотеро, ки фаъолияти ҳаётии аҳолӣ ва нақлиётро таъмин мекунанд, инчунин минтақаҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон, инчунин ба муҳити зист хатари зиёд доранд, муҳофизат мекунанд. Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Нукус, пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Қороқалпоқистон ошӯб рух дод. Саркардагони ин бетартибиҳо баъд аз кӯшиши тасарруфи мақомот дар минтақа боздошт шуданд. Дар як изҳороти муштарак порлумон, ҳукумат ва вазорати корҳои дохилии Қароқалпоқистон гуфтаанд, ки тазоҳуроти ғайриқонунӣ ба далели ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосии ин кишвар сурат гирифтааст. Баъдан тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шуд ва Мирзиёев ба Нукус омад ва дар он ҷо аллакай бо вакилони маҳаллӣ мулоқот карда, дар бораи вазъи минтақа изҳорот дод.
https://sputnik.tj/20220702/bozdosht-sozmondihandagon-oshub-nuqus-1049684269.html
ӯзбекистон
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103154/27/1031542738_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_ff8a65eb2fb86d0490d2d2ee04a22616.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мирзиёев қороқалпоқистон ҳолат фавқулода эълон
мирзиёев қороқалпоқистон ҳолат фавқулода эълон
Мирзиёев дар Қороқалпоқистон ҳолати фавқулодда эълон кард
09:07 03.07.2022 (Навсозишуда: 19:54 04.07.2022) Вазъияти фавқулодда дар Қароқалпоқистон ба манзури тазмини амнияти шаҳрвандон ва бозгардонии назму қонун ҷорӣ шудааст, ки як моҳ давом мекунад
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар Қороқалпоқистон бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баъди бетартибиҳо вазъияти фавқулода ҷорӣ карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ин кишвар.
Вазъияти изтирорӣ то 2 август идома хоҳад кард.
Гуфта меҳавад, ки ин тасмим ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо, барқарор намудани тартиботи қонун дар қаламрави Қароқалпоқистон гирифта шудааст.
"Вазъияти фавқулода аз соати 00:00 3 июл ҷорӣ шуда, то 00:00 2 август муқаррар карда шуд", — гуфтааст дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон.
Дар баробари ин, раисҷумҳури Ӯзбекистон омода аст, ки аз ислоҳот ба конститутсия, ки марбут ба соҳибихтиёрии Қороқалпоқистон аст, даст кашад.
Мирзиёев гуфт, ки дар шароити феълӣ нигоҳ доштани “дӯстӣ ва бародарии қадимӣ, эҳтироми ҳамдигар ва меҳрубонӣ” муҳим аст. Вай ҳамчунин аз ҳифзи ваҳдат, фазои сулҳу субот, ки тӯли "асрҳо" дар давлат буд, ёдовар шуд.
Қобили зикр аст, ки тибқи Сарқонуни Ӯзбекистон, ҳангоми ҷорӣ кардани вазъи фавқулода дар даромадгоҳ ва баромади Қорақалпоғистон қувва ва воситаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҷалб карда мешаванд.
Қувваҳои амниятӣ иншоотеро, ки фаъолияти ҳаётии аҳолӣ ва нақлиётро таъмин мекунанд, инчунин минтақаҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон, инчунин ба муҳити зист хатари зиёд доранд, муҳофизат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Нукус, пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Қороқалпоқистон ошӯб рух дод. Саркардагони ин бетартибиҳо баъд аз кӯшиши тасарруфи мақомот дар минтақа боздошт шуданд.
Дар як изҳороти муштарак порлумон, ҳукумат ва вазорати корҳои дохилии Қароқалпоқистон гуфтаанд, ки тазоҳуроти ғайриқонунӣ ба далели ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосии ин кишвар сурат гирифтааст.
Баъдан тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шуд ва Мирзиёев ба Нукус омад ва дар он ҷо аллакай бо вакилони маҳаллӣ мулоқот карда, дар бораи вазъи минтақа изҳорот дод.