https://sputnik.tj/20220703/lukashenko-minsk-maskav-himoyat-1049701510.html
Лукашенко: Минск ҳамеша аз Маскав ҳимоят мекунад
Лукашенко: Минск ҳамеша аз Маскав ҳимоят мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус ба онҳое, ки Минскро барои ҷонибдорияш аз мавқеи Маскав интиқод мекунанд, посухи қатъӣ дод
2022-07-03T12:56+0500
2022-07-03T12:56+0500
2022-07-04T19:37+0500
белорус
дар ҷаҳон
идм
александр лукашенко
минск
маскав
ҷонибдорӣ
танқид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031917300_0:156:3085:1891_1920x0_80_0_0_125ab39796bd6de00e644fcd308c33b9.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус эълом дошт, ки Минск ҷонибдорияшро аз Русия идома хоҳад дод. "Моро интиқод мекунанд, ки Русияро дар муборизааш бо нозигароӣ ҷонибдорӣ мекунем. Мо дастгирӣ кардему ҳамеша дастгирӣ хоҳем кард", - таъкид кард ӯ. Лукашенко, ки зимни гулчанбаргузорӣ назди маҷмааи ёдгорӣ дар Минск бахшида ба Рӯзи истиқлоли Беларус суҳбат мекард, таъкид намуд, ки тамоми эродҳо алайҳаш дар мавриди ҳимоя аз Маскав хандаовар ва ҳамзамон ғамангезанд. Дар зимн раисҷумҳури Беларус таъкид намуд, ки кишвараш бо тамоми фишорҳои берунӣ истодагарӣ хоҳад кард. Президенти Беларус бар ин назар аст, ки набарди навбатӣ барои таҷдиди ҷаҳон на танҳо дар қисмати аврупоии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сурат гирифта истодааст, балки дар Осиёи Марказӣ низ роҳандозӣ шудааст. Ӯ гуфт, амрикоиҳо ҳукмронӣ кардан мехоҳанд, хостори боқӣ мондани ҷаҳони якқутбиянд ва онҳое, ки сар боло мекунанд, бомбаборон мешаванд. Сабаб дар ҷаҳон пайдо шудани муносибатҳои нав, бисёрқутбӣ мебошад, таъкид намуд раисҷумҳури Белорус.
https://sputnik.tj/20220703/vao-vaz-dar-ukraina-nato-ro-ba-se-lager-taqsim-kard-1049697327.html
белорус
минск
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031917300_178:0:2907:2047_1920x0_80_0_0_df9ad7a22ab91138f5166cd3b0c6eb40.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
посух, лукашенко, маскав, интиқод
посух, лукашенко, маскав, интиқод
Лукашенко: Минск ҳамеша аз Маскав ҳимоят мекунад
12:56 03.07.2022 (Навсозишуда: 19:37 04.07.2022) Раисҷумҳури Беларус ба онҳое дар ҷаҳон, ки Минскро барои ҷонибдорияш аз мавқеи Маскав интиқод мекунанд, посухи қатъӣ дод
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус эълом дошт, ки Минск ҷонибдорияшро аз Русия идома хоҳад дод.
"Моро интиқод мекунанд, ки Русияро дар муборизааш бо нозигароӣ ҷонибдорӣ мекунем. Мо дастгирӣ кардему ҳамеша дастгирӣ хоҳем кард", - таъкид кард ӯ.
Лукашенко, ки зимни гулчанбаргузорӣ назди маҷмааи ёдгорӣ дар Минск бахшида ба Рӯзи истиқлоли Беларус суҳбат мекард, таъкид намуд, ки тамоми эродҳо алайҳаш дар мавриди ҳимоя аз Маскав хандаовар ва ҳамзамон ғамангезанд.
Дар зимн раисҷумҳури Беларус таъкид намуд, ки кишвараш бо тамоми фишорҳои берунӣ истодагарӣ хоҳад кард.
Президенти Беларус бар ин назар аст, ки набарди навбатӣ барои таҷдиди ҷаҳон на танҳо дар қисмати аврупоии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сурат гирифта истодааст, балки дар Осиёи Марказӣ низ роҳандозӣ шудааст.
Ӯ гуфт, амрикоиҳо ҳукмронӣ кардан мехоҳанд, хостори боқӣ мондани ҷаҳони якқутбиянд ва онҳое, ки сар боло мекунанд, бомбаборон мешаванд.
Сабаб дар ҷаҳон пайдо шудани муносибатҳои нав, бисёрқутбӣ мебошад, таъкид намуд раисҷумҳури Белорус.