Донишмандони тоҷик узви академияи бонуфузи байналмилалӣ дар Русия шуданд

© PixabayРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Обуна шудан
Се донишманди тоҷик ба шарофати дастовардҳои бунёдии соҳаи илму маориф академики Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олӣ интихоб шуданд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Донишмандони тоҷик ба узвияти Академияи байналмилалии илмҳои таҳсилоти олии Русия шомил шуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ.
Се нафар олим — Самариддин Афғонов, Ҷумъахон Файзализода ва Абулҳай Комилӣ академики Академияи илмҳои олӣ шуданд. Онҳо ба туфайли комёбиҳои бунёдӣ дар соҳаи илму маориф ҳамчун мутахассисони барҷастаи соҳаи худ эътироф карда шудаанд.
Қарор дар бораи узвият дар ҷаласаи бахши тоҷикистонии Академияи байналмилалии Федератсияи Русия дар ҷараёни овоздиҳии пӯшида гирифта шуд.
Маълум аст, ки доктори илмҳои педагогӣ, профессор Самариддин Афғонов дар Донишгоҳи Калифорнияи ИМА низ ба ҳайси профессор кор мекунад. Муаллифи зиёда аз 15 монография мебошад.
Компьютеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Дар Душанбе Олимпиадаи байналмилалии IT-технология баргузор мешавад
Файзализода - доктори илмҳои педагогӣ, профессор, инчунин муаллифи 15 монография ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ мебошад.
Профессор Абулхай Комилӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав дарс мегӯяд. Зиёда аз 64 китоб, дастурамал ва воситаҳои таълим навишта, муаллифи 360 мақолаи илмӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки Академияи байналмилалии илмҳои таҳсилоти олӣ дар Русия соли 1992 таъсис ёфта, қароргоҳаш дар Маскав ҷойгир аст. Ҳоло дар он зиёда аз 1,2 ҳазор нафар олимони намоёни дараҷаи ҷаҳонӣ аз 45 мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистон, гирд оварда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0