https://sputnik.tj/20220702/tajlil-id-qurbon-uzbekiston-1049694306.html
Эълони рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар Ӯзбекистон
Эълони рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Ӯзбекистон расман рӯзи таҷлили яке аз идҳои муҳими мусалмонӣ - Иди қурбонро таъйин карданд. Фармонро кишвардори Ӯзбекистон имзо кард
2022-07-02T20:15+0500
2022-07-02T20:15+0500
2022-07-02T20:15+0500
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
иди қурбон
таҷлил
ҷашн
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102652/92/1026529207_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_d526ed28544b1b61b1cd8e5988fd68d4.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фармон дар бораи таҷлили Иди Қурбонро имзо кард. Ҳамин тавр, бар асоси ин санад, иди мусалмонон дар ин кишвар 9 июл таҷлил мешавад. Ҳамин тариқ, сокинони Ӯзбекистон дар остонаи Иди Қурбон рӯзҳои зерин истироҳат хоҳанд кард: Иди Қурбон (Иди Азҳо) яке аз ду иди асосии мусалмонон аст. Онро дар рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷаи тақвими қамарии исломӣ таҷлил мекунанд. Ин ид се рӯз идома меёбад.Тибқи ривоят, фариштае ба пайғамбар Иброҳим (а) зоҳир шуд, ки ба ӯ фармони Худоро расонд, то писарашро қурбонӣ кунад. Тақвими мусалмонӣ барои соли 2022Пайомбари Худо ба ин маросим омодагӣ мегирифт, аммо дар охирин лаҳза Худованд ба Ҳазрати Иброҳим (а) иҷозат дод, ки ҷавонро ба гӯсфанде иваз кунад.Тибқи анъана, ҳар як мусалмон бо риояи қоидаҳои муайян бояд гӯсфанд, гов ё дигар чорворо қурбонӣ кунад.
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102652/92/1026529207_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_a8edcc38c019952e0190bd36eae46ec2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иди қурбон, осиёи марказӣ, таҷлил
иди қурбон, осиёи марказӣ, таҷлил
Эълони рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар Ӯзбекистон
Мақомоти Ӯзбекистон расман рӯзи таҷлили яке аз идҳои муҳими мусалмонӣ - Иди қурбонро таъйин карданд. Фармонро кишвардори Ӯзбекистон имзо кард
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фармон дар бораи таҷлили Иди Қурбонро имзо кард.
Ҳамин тавр, бар асоси ин санад, иди мусалмонон дар ин кишвар 9 июл таҷлил мешавад.
“Қарори идораи мусалмонии Ӯзбекистонро ба назар гирифта рӯзи таҷлили иди Қурбонро дар соли 2022 - 9 июл муқаррар мекунем”, — омадааст дар хабарнома.
Ҳамин тариқ, сокинони Ӯзбекистон дар остонаи Иди Қурбон рӯзҳои зерин истироҳат хоҳанд кард:
9 июли соли 2022 - рӯзи шанбе (рӯзи ғайрикорӣ);
10 июли соли 2022 - якшанбе (рӯзи истироҳат тибқи тақвим);
11 июли соли 2022 - Душанбе (рӯзи ғайрикории иловагӣ);
12 июли соли 2022 - Сешанбе (рӯзи иловагии ғайрикорӣ / истироҳати ба таъхир гузошташуда).
Иди Қурбон (Иди Азҳо) яке аз ду иди асосии мусалмонон аст. Онро дар рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷаи тақвими қамарии исломӣ таҷлил мекунанд. Ин ид се рӯз идома меёбад.
Тибқи ривоят, фариштае ба пайғамбар Иброҳим (а) зоҳир шуд, ки ба ӯ фармони Худоро расонд, то писарашро қурбонӣ кунад.
Пайомбари Худо ба ин маросим омодагӣ мегирифт, аммо дар охирин лаҳза Худованд ба Ҳазрати Иброҳим (а) иҷозат дод, ки ҷавонро ба гӯсфанде иваз кунад.
Тибқи анъана, ҳар як мусалмон бо риояи қоидаҳои муайян бояд гӯсфанд, гов ё дигар чорворо қурбонӣ кунад.