https://sputnik.tj/20220702/rasonaho-kishvar-rusiya-amriko-nizo-barkhezad-1049680601.html
Расонаҳо кишвареро ном бурданд, ки он ҷо эҳтимол миёни Русия ва Амрико низоъ бархезад
Расонаҳо кишвареро ном бурданд, ки он ҷо эҳтимол миёни Русия ва Амрико низоъ бархезад
Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо менависад, ки артиши Амрико ва Русия дар Сурия ошкоро низоъ намекунанд, балки аксари вақт дар паҳлуи нерӯҳои мухолиф амал мекунанд 02.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-02T10:46+0500
2022-07-02T10:46+0500
2022-07-04T20:26+0500
сурия
амрико
дар русия
низоъ
вао
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102068/28/1020682808_0:0:3079:1733_1920x0_80_0_0_b39d943fe6d4f1ac48aa9fd37c2cb515.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. ИМА ва Русия шояд дар Сурия ба далели иртиботи аз ҳад зич дар минтақаи ҷанг муноқиша дошта бошанд, менависад таҳлилгари рӯзномаи Newsweek Бонни Кристиан.Ба қавли ӯ, бӯҳрон дар Аврупои Шарқӣ ва тезу тунд шудани тақобули ҳарбию сиёсӣ байни минтақаҳо хавфи ҷангро хеле зиёд мекунад.Ҳарчанд ин ду артиш ошкоро душманӣ надошта бошанд ҳам, онҳо дар наздикии ҳамдигар ва аксар вақт дар тарафи нерӯҳои мухолиф амал мекунанд.Ба гуфтаи Кристиан, дар ин вазъият, ҳама гуна назорат ё нофаҳмӣ метавонад низоъро барангезад.Муаллифи мақола чунин мешуморад, ки хавфро дар сурате метавон аз байн бурд, агар Амрико нерӯҳои худро аз хоки кишвари Араб берун орад.Даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия аз соли 2011 идома дорад. Аз соли 2015 Русия бо дархости мақомоти расмӣ ба Димишқ дар мубориза бо терроризм кумакҳои низомӣ мерасонад.Аз соли 2014 инҷониб Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш дар Сурия ва Ироқ алайҳи "Давлати исломӣ"*бидуни иҷозати роҳбарияти ин кишвар амалиёт мегузаронанд Собиқ кишвардори Амрико Доналд Трамп қабл аз интихоб шудан ба маснади раисҷумҳурӣ ваъда дода буд, ки нерӯҳояшро аз ин ҷумҳурӣ хориҷ мекунад. Аммо баъдан ӯ тасмим гирифт, ки нерӯҳояшро барои ҳифзи конҳои нафтӣ дар Сурия мемонад, гарчанде Димишқ ин амали онҳоро ишғолгароёна мепиндорад.* Ташкилоти террористӣ дар Тоҷикистон, Русия ва баъзе кишварҳои дигар мамнуъ аст.
https://sputnik.tj/20220618/antonov-khatar-jang-rusiya-amriko-hushdor-1049304809.html
сурия
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102068/28/1020682808_348:0:3079:2048_1920x0_80_0_0_3f6d505763d0479926e914debf18af21.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сурия, амрико, дар русия, низоъ, вао, амният ва мудофиа
сурия, амрико, дар русия, низоъ, вао, амният ва мудофиа
Расонаҳо кишвареро ном бурданд, ки он ҷо эҳтимол миёни Русия ва Амрико низоъ бархезад
10:46 02.07.2022 (Навсозишуда: 20:26 04.07.2022) Расонаҳо менависад, ки артиши Амрико ва Русия дар Сурия ошкоро низоъ намекунанд, балки аксари вақт дар паҳлуи нерӯҳои мухолиф амал мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. ИМА ва Русия шояд дар Сурия ба далели иртиботи аз ҳад зич дар минтақаи ҷанг муноқиша дошта бошанд, менависад таҳлилгари рӯзномаи Newsweek Бонни Кристиан.
Ба қавли ӯ, бӯҳрон дар Аврупои Шарқӣ ва тезу тунд шудани тақобули ҳарбию сиёсӣ байни минтақаҳо хавфи ҷангро хеле зиёд мекунад.
"Қӯрхонаи ҳастаии Вашингтону Маскав, агар ба кор бурда шавад, дар як фурсати басо кӯтоҳ метавонад ҷаҳонро нест кунад", - менависад таҳлилгар.
Ҳарчанд ин ду артиш ошкоро душманӣ надошта бошанд ҳам, онҳо дар наздикии ҳамдигар ва аксар вақт дар тарафи нерӯҳои мухолиф амал мекунанд.
Ба гуфтаи Кристиан, дар ин вазъият, ҳама гуна назорат ё нофаҳмӣ метавонад низоъро барангезад.
Муаллифи мақола чунин мешуморад, ки хавфро дар сурате метавон аз байн бурд, агар Амрико нерӯҳои худро аз хоки кишвари Араб берун орад.
Даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия аз соли 2011 идома дорад. Аз соли 2015 Русия бо дархости мақомоти расмӣ ба Димишқ дар мубориза бо терроризм кумакҳои низомӣ мерасонад.
Аз соли 2014 инҷониб Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш дар Сурия ва Ироқ алайҳи "Давлати исломӣ"*бидуни иҷозати роҳбарияти ин кишвар амалиёт мегузаронанд
Собиқ кишвардори Амрико Доналд Трамп қабл аз интихоб шудан ба маснади раисҷумҳурӣ ваъда дода буд, ки нерӯҳояшро аз ин ҷумҳурӣ хориҷ мекунад. Аммо баъдан ӯ тасмим гирифт, ки нерӯҳояшро барои ҳифзи конҳои нафтӣ дар Сурия мемонад, гарчанде Димишқ ин амали онҳоро ишғолгароёна мепиндорад.
* Ташкилоти террористӣ дар Тоҷикистон, Русия ва баъзе кишварҳои дигар мамнуъ аст.