Ҳадафи сафари як ҳайати толибон ба Ӯзбекистон маълум шуд

© SputnikДелегация талибов* отправилась в Ташкент.
Делегация талибов* отправилась в Ташкент. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2022
Обуна шудан
Ҳадафи сафари як гурӯҳи толибон ба Ӯзбекистон осон кардани расмиёти транзитӣ ва ҳамзамон ҳал шудани мушкилоти тоҷирони афғонистонӣ аст
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Як гурӯҳи толибон бо намояндагони доираҳои тиҷоратии Афғонистон озими Ӯзбекистон шуданд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Бар хабари манбаъ, рузи шанбе ҳайати толибонбо як сафар озми шаҳри Тошканд гардиданд. Ҳамин тавр, ба ҳайати вакилони Афғонистон иҷрокунандаи вазифаи вазири савдо Нуриддин Азизӣ роҳбарӣ мекард.
Гуфта мешавад, дар мулоқот миёни толибон ва намояндагони Ӯзбекистон, масъалаҳои рушди муносибатҳои тиҷоратии ду кишвар, инчунин осон кардани расмиёти транзитӣ ва ҳалли мушкилоти тоҷирони афғонистонӣ баррасӣ мешавад.
Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Толибон аз СММ барои ҳалли мушкилоти паноҳҷӯёни афғон кумак хост
Маълум аст, ки ин сафар ду ҳафта пеш, замоне, ки Абдулазиз Комилов, муовини дабири Шӯрои амнияти Ӯзбекистон вориди Кобул шуд, мувофиқа шуда буд.
Ба ҳайати Ӯзбекистон намояндаи вижа дар умури Афғонистон Исматулло Иргашев низ шомил буд.
Зикр гардид, ки он замон толибон изҳори хоҳиши ба Ӯзбекистон фиристодани як ҳайат бо роҳбари намояндагони Вазорати савдоро баён намуданд ва пешниҳоди онҳо пазируфта шуд.
Зимнан, дар Тошканд мебояд конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон бо иштироки ҳайатҳои беш аз 20 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардад. Ин чорабинӣ дар назар аст, ки рӯзҳои 25 ва 26 июл баргузор шавад.
Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ дар бораи Афғонистон баргузор мешавад
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Владимир Норов, вазири умури хориҷии ин кишвар дар мавриди Афғонистон гуфта буд, ки мутаассифона, мо мушоҳида мекунем, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъ дар ин кишвар коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ вазъ дар он ҷо мушкил боқӣ монда, бинобар бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва вазъи душвори башардӯстона, чолишҳо барои амният ва суботи минтақа боқӣ мондаанд.
Ба таъкиди ӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои имрӯзу фардои ин кишвар масъул бошад ва барои идомаи кумак дар ҳалли мушкилоти шадиди иҷтимоӣ дар Афғонистон тадбирҳои мушаххас андешад.
Ёдовар мешавем, толибон 15 августи соли 2021 пас аз эълони хуруҷи ИМА ҳукумати Ашраф Ғаниро суқут доданд ва пас аз он ҳукумати худхондаи хеш Аморати исломиро ташкил карданд.
Наздик ба як сол мешавад, ки ин ҳукумат машруҳият надорад.
Лентаи хабарҳо
0