https://sputnik.tj/20220701/tojikiston-uzbekiston-hamkori-mehnat-1049656185.html
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкориро дар соҳаи меҳнат густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкориро дар соҳаи меҳнат густариш медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба табодули таҷриба дар муносибатҳои меҳнатӣ, касбомӯзӣ ва шуғли аҳолӣ ҳавасмандӣ зоҳир карданд
2022-07-01T12:35+0500
2022-07-01T12:35+0500
2022-07-01T13:39+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
ҳамкорӣ
мир саид алии ҳамадонӣ
кӯлоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039853508_0:69:3073:1797_1920x0_80_0_0_6b93cbdc3c000d277755dd3b6d2dc255.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ густариш меёбад.Ин масъала, зимни сафари ҳайати Ӯзбекистон ба шаҳри Кӯлоб муҳокима шудааст.Дар мулоқот сардорони сохторҳои Вазорати меҳнати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири Эркин Муҳитдинов ва мушовири пешбари маъмурияти кишвардорашон бо раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ширкат кардаанд.Бино ба гузориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти даволатии шаҳри Кӯлоб, ин мулоқот дар толори мақомоти шаҳр баргузор шудааст.Баррасии равобити корӣ, шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат бо ӮзбекистонДар ин сафар меҳмонон ҳамчунин аз муассисаи давлатии техникии Литсейи касбии техникии сохтмонии ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб боздид намудаанд.Ин ҷо онҳо бо шароити таълим дар ин даргоҳ аз наздик шинос шудаанд.Зикр шудааст, ки дар доираи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муносибатҳо байни вазорату мақомот ва идораҳои соҳавӣ густариш ёфта, табодули таҷрибаи мақомоти давлатии тарафҳо ба анъана даромадааст.Талоши ширкати атриёти “Jizan Perfumes LLC” барои ҷазби тоҷикон ба кор дар ДубайМеҳмонон ҳамчунин оромгоҳи орифи номдор Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, аз осорхонаи ин мутафаккири бузург боздид кардаанд.
ӯзбекистон
мир саид алии ҳамадонӣ
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039853508_150:0:2881:2048_1920x0_80_0_0_fe1184b5a24aa8adfca0428b693ea2e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, меҳнат, шуғли аҳолӣ
тоҷикистон, ӯзбекистон, меҳнат, шуғли аҳолӣ
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкориро дар соҳаи меҳнат густариш медиҳанд
12:35 01.07.2022 (Навсозишуда: 13:39 01.07.2022) Намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба табодули таҷриба дар муносибатҳои меҳнатӣ, касбомӯзӣ ва шуғли аҳолӣ ҳавасмандӣ зоҳир карданд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ густариш меёбад.
Ин масъала, зимни сафари ҳайати Ӯзбекистон ба шаҳри Кӯлоб муҳокима шудааст.
Дар мулоқот сардорони сохторҳои Вазорати меҳнати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири Эркин Муҳитдинов ва мушовири пешбари маъмурияти кишвардорашон бо раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ширкат кардаанд.
Бино ба гузориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти даволатии шаҳри Кӯлоб, ин мулоқот дар толори мақомоти шаҳр баргузор шудааст.
Дар ин сафар меҳмонон ҳамчунин аз муассисаи давлатии техникии Литсейи касбии техникии сохтмонии ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб боздид намудаанд.
Ин ҷо онҳо бо шароити таълим дар ин даргоҳ аз наздик шинос шудаанд.
"Зимни боздид аз муассисаи мазкур табодули таҷрибаи тарафҳо дар самтҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ, касбомӯзӣ, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти касбӣ сурат гирифт", - омадааст дар хабарнома.
Зикр шудааст, ки дар доираи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муносибатҳо байни вазорату мақомот ва идораҳои соҳавӣ густариш ёфта, табодули таҷрибаи мақомоти давлатии тарафҳо ба анъана даромадааст.
Меҳмонон ҳамчунин оромгоҳи орифи номдор Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, аз осорхонаи ин мутафаккири бузург боздид кардаанд.