https://sputnik.tj/20220701/olmon-litva-mahdudiyat-tranzit-kaliningrad-laghv-1049661003.html
ВАО: Олмон аз Литва хостааст, маҳдудиятҳои транзитӣ ба сӯйи Калининградро лағв кунад
ВАО: Олмон аз Литва хостааст, маҳдудиятҳои транзитӣ ба сӯйи Калининградро лағв кунад
Sputnik Тоҷикистон
Нашрияи Spiegel навиштааст, ки ҳукумати Олмон аз мақомоти Литва хостааст, ки маҳдудиятҳои транзитӣ ба сӯйи Калининградро лағв кунанд
2022-07-01T14:54+0500
2022-07-01T14:54+0500
2022-07-01T17:34+0500
дар русия
олмон
калининград
маҳдудият
транзит
лағв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102404/44/1024044426_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_72c2567783a9dfd3a5fec91446207fa2.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Нашрияи Spiegel бо такя ба сарчашмаи худ навиштааст, ҳукумати Олмон аз амалкарди Литва барои маҳдудиятҳои нақлиётӣ ба сӯйи Калининград хашмгин шудааст ва аз мақомоти ин кишвар талаб кардааст, ки ин маҳдиятҳоро лағв кунанд."Ба гуфтаи Spiegel, ҳукумати Олмон аз иқдоми пешгирифтаи Литва хашмгин аст. Берлин ҷонибдори иқдомҳои Литва нест, ки колоҳои таҳримшуда ба сӯйи Калининград набояд аз қаламрави Иттиҳодияи Аврупо транзит шавад. Дар он гуфта мешавад, ки "ин интиқол аз як қаламрави Русия ба дигар қисми Русия аст, ва ба ин иҷозат аст", менависад рӯзнома.Иттиҳодияи Аврупо иҷозаи вуруди мошинҳои боркаш дар Русия сабтшударо ба кишварҳои Аврупо дар аввали моҳи апрел қатъ кард. Аммо барои транзити мол ба вилояти Калининград истисно карда шуд.Акнун мамнӯъияти эълонкардаи Литва ба ҳама транзити борҳо, ки таҳти таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо қарор доранд, дахл дорад.Роҳҳои оҳани Литва қаблан роҳҳои оҳани Калининградро огоҳ карда буд, ки транзити як қатор колоҳоро, ки таҳти таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор гирифтааст, аз 18 июн қатъ мекунанд.Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия қаблан ба хабарнигорон гуфт, ки Русия имконоти мухталифи вокуниш ба иқдомҳои ғайридӯстонаи Литва барои маҳдуд кардани транзит ба вилояти Калининград аз қаламрави боқимондаи Русияро баррасӣ мекунад.Губернатори вилоят Антон Алихонов қайд кард, ки киштиҳои боркаши вилояти Калининград бинобар маҳдуд шудани транзит тавассути Литва ба боркашони оғоз карданд.Сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова қаблан гуфт, Литва транзити колоҳои таҳти таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупоро ба вилояти Калининград манъ кардааст, рафтори нодуруст карда, аз марзҳои нодӯстона берун рафтааст.Сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Русия Маркус Эдерер ба далели маҳдудиятҳои транзитӣ ба вазорати хориҷа даъват шуд. Ҷониби Русия зимни сӯҳбат тақозо кард, ки транзит ба Калининградро фавран барқарор кунанд, вагарна чораҳои ҷавобӣ амалӣ хоҳанд шуд.Мақомоти Литва нақзи созиши транзитро рад мекунанд ва иддаъо доранд, ки онҳо танҳо таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупоро риоя мекунанд. Президенти Литва Гитанас Науседа гуфт, ки Вилнюс дар масъалаи транзити коло ба вилояти Калинингради Русия гузашт намекунад.
https://sputnik.tj/20220701/rusiya-mahdudiyatho-karona-lagv-1049657403.html
https://sputnik.tj/20210810/polsha-kaliningrad-darkor-munoqisha-oghoz-1041575479.html
олмон
калининград
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102404/44/1024044426_223:0:944:541_1920x0_80_0_0_846f9b0df010536fccd0dc02b842143a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, олмон, маҳдудият, транзит, калиниград, хостор, лағв
русия, олмон, маҳдудият, транзит, калиниград, хостор, лағв
ВАО: Олмон аз Литва хостааст, маҳдудиятҳои транзитӣ ба сӯйи Калининградро лағв кунад
14:54 01.07.2022 (Навсозишуда: 17:34 01.07.2022) Нашрияи "Spiegel" навиштааст, ки Ҳукумати Олмон аз мақомоти Литва хостааст, маҳдудиятҳои транзитӣ ба сӯйи Калининградро лағв кунанд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Нашрияи Spiegel бо такя ба сарчашмаи худ навиштааст, ҳукумати Олмон аз амалкарди Литва барои маҳдудиятҳои нақлиётӣ ба сӯйи Калининград хашмгин шудааст ва аз мақомоти ин кишвар талаб кардааст, ки ин маҳдиятҳоро лағв кунанд.
"Ба гуфтаи Spiegel, ҳукумати Олмон аз иқдоми пешгирифтаи Литва хашмгин аст. Берлин ҷонибдори иқдомҳои Литва нест, ки колоҳои таҳримшуда ба сӯйи Калининград набояд аз қаламрави Иттиҳодияи Аврупо транзит шавад. Дар он гуфта мешавад, ки "ин интиқол аз як қаламрави Русия ба дигар қисми Русия аст, ва ба ин иҷозат аст", менависад рӯзнома.
Иттиҳодияи Аврупо иҷозаи вуруди мошинҳои боркаш дар Русия сабтшударо ба кишварҳои Аврупо дар аввали моҳи апрел қатъ кард. Аммо барои транзити мол ба вилояти Калининград истисно карда шуд.
Акнун мамнӯъияти эълонкардаи Литва ба ҳама транзити борҳо, ки таҳти таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо қарор доранд, дахл дорад.
Роҳҳои оҳани Литва қаблан роҳҳои оҳани Калининградро огоҳ карда буд, ки транзити як қатор колоҳоро, ки таҳти таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор гирифтааст, аз 18 июн қатъ мекунанд.
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия қаблан ба хабарнигорон гуфт, ки Русия имконоти мухталифи вокуниш ба иқдомҳои ғайридӯстонаи Литва барои маҳдуд кардани транзит ба вилояти Калининград аз қаламрави боқимондаи Русияро баррасӣ мекунад.
Губернатори вилоят Антон Алихонов қайд кард, ки киштиҳои боркаши вилояти Калининград бинобар маҳдуд шудани транзит тавассути Литва ба боркашони оғоз карданд.
Сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова қаблан гуфт, Литва транзити колоҳои таҳти таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупоро ба вилояти Калининград манъ кардааст, рафтори нодуруст карда, аз марзҳои нодӯстона берун рафтааст.
Сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Русия Маркус Эдерер ба далели маҳдудиятҳои транзитӣ ба вазорати хориҷа даъват шуд. Ҷониби Русия зимни сӯҳбат тақозо кард, ки транзит ба Калининградро фавран барқарор кунанд, вагарна чораҳои ҷавобӣ амалӣ хоҳанд шуд.
Мақомоти Литва нақзи созиши транзитро рад мекунанд ва иддаъо доранд, ки онҳо танҳо таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупоро риоя мекунанд. Президенти Литва Гитанас Науседа гуфт, ки Вилнюс дар масъалаи транзити коло ба вилояти Калинингради Русия гузашт намекунад.