https://sputnik.tj/20220701/istehsol-neru-oftobi-tojikiston-kohish-1049657548.html
Истеҳсоли нерӯи офтобӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
Истеҳсоли нерӯи офтобӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар баробари коҳиши тавлиди энержии офтобӣ дар Тоҷикистон, коҳиши тавлиди нерӯи ҳарортӣ низ дар нерӯгоҳҳои гармидиҳии кишвар низ сабт шудааст
2022-07-01T13:35+0500
2022-07-01T13:35+0500
2022-07-01T13:35+0500
дар тоҷикистон
қувваи барқ
содирот
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102875/95/1028759566_0:75:1920:1155_1920x0_80_0_0_9d1675682bf81cbece2bddac1439bd8e.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон 50% коҳиш ёфт, гузориш медиҳад, Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар.Ҳамин тариқ, дар панҷ моҳи соли 2022 нерӯгоҳҳои офтобӣ ҳамагӣ 2 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кардаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2021 50% камтар аст. Дар ҳамин ҳол, шумори дақиқ ва иқтидори нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон маълум нест. Дар мавриди ҳаҷми умумии истеҳсол, тибқи маълумоти бахши энергетикаи кишвар, аз аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 8,4 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст. Зиёда аз 7,6 миллиард киловатт-соати ин хаҷм ба нерӯгоҳҳои обии кишвар рост меояд.Афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 3,5 фоизро ташкил додааст.Дар баробари ин, аз моҳи январ то май нерӯгоҳҳои барқии ҳароратӣ 805 миллион киловатт-соат қувваи барқ истеҳсол кардаанд. Бар асоси ин, дар соли ҷорӣ нерӯгоҳҳои ҳароратии Тоҷикистон низ тавлиди нерӯи барқро 18,4 дарсад коҳиш додаанд. Қаблан маълум шуд, ки Тоҷикистон даромад аз фурӯши нерӯи барқро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст. Афғонистон ва Ӯзбекистон харидорони асосии захираҳои энержии кишвар мебошанд. Дар панҷ моҳи соли 2022 аз ҳисоби содироти нерӯи барқ ба буҷаи кишвар беш аз 26,7 миллион доллар ворид шудааст. Ҳамзамон дар оянда дар назар аст, ки Тоҷикистон содироти нерӯи барқро аз нерӯгоҳи "Роғун" ба Ӯзбекистон оғоз мекунад. Намояндагони ҳар ду ҷумҳурӣ аллакай меморандуми дахлдор имзо кардаанд.
https://sputnik.tj/20220625/kishvar-omoda-kharid-barq-nbo-roghun-1049497344.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102875/95/1028759566_140:0:1780:1230_1920x0_80_0_0_940779539fb94a8aed68f41f38806f74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
истеҳсол нерӯ офтоб тоҷикистон
истеҳсол нерӯ офтоб тоҷикистон
Истеҳсоли нерӯи офтобӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
Дар баробари коҳиши тавлиди энержии офтобӣ дар Тоҷикистон, коҳиши тавлиди нерӯи ҳарортӣ низ дар нерӯгоҳҳои гармидиҳии кишвар низ сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон 50% коҳиш ёфт, гузориш медиҳад, Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар.
Ҳамин тариқ, дар панҷ моҳи соли 2022 нерӯгоҳҳои офтобӣ ҳамагӣ 2 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кардаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2021 50% камтар аст.
Дар ҳамин ҳол, шумори дақиқ ва иқтидори нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон маълум нест.
Дар мавриди ҳаҷми умумии истеҳсол, тибқи маълумоти бахши энергетикаи кишвар, аз аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 8,4 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.
Зиёда аз 7,6 миллиард киловатт-соати ин хаҷм ба нерӯгоҳҳои обии кишвар рост меояд.
Афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 3,5 фоизро ташкил додааст.
Дар баробари ин, аз моҳи январ то май нерӯгоҳҳои барқии ҳароратӣ 805 миллион киловатт-соат қувваи барқ истеҳсол кардаанд.
Бар асоси ин, дар соли ҷорӣ нерӯгоҳҳои ҳароратии Тоҷикистон низ тавлиди нерӯи барқро 18,4 дарсад коҳиш додаанд.
Қаблан маълум шуд, ки Тоҷикистон даромад аз фурӯши нерӯи барқро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст.
Афғонистон ва Ӯзбекистон харидорони асосии захираҳои энержии кишвар мебошанд.
Дар панҷ моҳи соли 2022 аз ҳисоби содироти нерӯи барқ ба буҷаи кишвар беш аз 26,7 миллион доллар ворид шудааст.
Ҳамзамон дар оянда дар назар аст, ки Тоҷикистон содироти нерӯи барқро аз нерӯгоҳи "Роғун" ба Ӯзбекистон оғоз мекунад. Намояндагони ҳар ду ҷумҳурӣ аллакай меморандуми дахлдор имзо кардаанд.