https://sputnik.tj/20220701/fojia-bibi-nabera-gharq-ob-1049658281.html
Фоҷиа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ: бибӣ бо се наберааш зимни ҳезумчинӣ дар об ғарқ шуд
Фоҷиа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ: бибӣ бо се наберааш зимни ҳезумчинӣ дар об ғарқ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ду набераи пиразан бо талоши зиёд аз дохили об берун баромадаанд, вале бибию набераи 11-солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуда, то ҳол бедараканд
2022-07-01T13:50+0500
2022-07-01T13:50+0500
2022-07-01T13:54+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ғарқ шудан
ғарқшавӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101580/92/1015809250_0:453:2031:1595_1920x0_80_0_0_b00b925a3d764f4172551ffbec5938fd.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади як пиразани 59-сола ва набераи 11-солаашро ҷустуҷӯ доранд.Тибқи маълумоти Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон, ин фоҷиа рӯзи 29-уми июн рух додааст. Бино ба гузориши манбаъ, сокини 59-солаи ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо набераи 11-солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуданд.Ҳодиса замоне рух додааст, ки онҳо баъди ҷамъоварии ҳезум аз соҳили дарё ба хона бармегаштанд. Гуфта мешавад, ки пиразан ҳамроҳ бо се наберааш, ки 9, 12 ва 11 сол доштанд, тибқи одати маъмул дар соҳилҳои Вахш ҳезум ҷамъоварӣ мекарданд. Онҳо бо аробае, ки ба як хар баста шуда буд, маҳсули заҳматҳои рӯзонаашонро бор карда, ба хона бармегаштанд, аммо баногаҳ ароба чаппа шуд ва ба дарё сарозер рафт. Наҷотдиҳандагон то ҳол ҷасади бибию набераро ҷустуҷӯ доранд.Халосӣ аз гирдоб: тавсияҳои КҲФ барои ғарқ нашудан зимни оббозӣҲамчунин, бино ба хабари дигари КҲФ дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Ҳамадонӣ, дар заҳбури Оби сиёҳи деҳа, як духтарин 15-сола, ғарқ шудааст. КҲФ мегӯяд, сабаби ин ҳодиса маълум нест.Дарёфти ҷасади ҷавондухтаре дар Левакант, ки шаш рӯз пеш худро ба об партофта будҶасади духтарак аз ҷониби ғаввосони КҲФ дар вилояти Хатлон пайдо ва ба волидонаш супурда шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101580/92/1015809250_0:263:2031:1786_1920x0_80_0_0_c92f9027418bc12f9e1c289fb1178a0d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдодҳо, ғарқшавӣ, тоҷикистон, дарёи вахш, вилояти хатлон
рӯйдодҳо, ғарқшавӣ, тоҷикистон, дарёи вахш, вилояти хатлон
Фоҷиа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ: бибӣ бо се наберааш зимни ҳезумчинӣ дар об ғарқ шуд
13:50 01.07.2022 (Навсозишуда: 13:54 01.07.2022) Ду набераи пиразан бо талоши зиёд аз дохили об берун баромадаанд, вале бибию набераи 11-солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуда, то ҳол бедараканд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади як пиразани 59-сола ва набераи 11-солаашро ҷустуҷӯ доранд.
Тибқи маълумоти Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон, ин фоҷиа рӯзи 29-уми июн рух додааст.
Бино ба гузориши манбаъ, сокини 59-солаи ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо набераи 11-солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуданд.
Ҳодиса замоне рух додааст, ки онҳо баъди ҷамъоварии ҳезум аз соҳили дарё ба хона бармегаштанд.
Гуфта мешавад, ки пиразан ҳамроҳ бо се наберааш, ки 9, 12 ва 11 сол доштанд, тибқи одати маъмул дар соҳилҳои Вахш ҳезум ҷамъоварӣ мекарданд.
Онҳо бо аробае, ки ба як хар баста шуда буд, маҳсули заҳматҳои рӯзонаашонро бор карда, ба хона бармегаштанд, аммо баногаҳ ароба чаппа шуд ва ба дарё сарозер рафт.
"Ду набераи пирзан бо азобеву талошҳо худро аз об берун мекашанд ва солим ба соҳил мебароянд. Аммо зан бо як набераи 11-солааш ба ҳалокат мерасанд", - омадааст дар хабарнома.
Наҷотдиҳандагон то ҳол ҷасади бибию набераро ҷустуҷӯ доранд.
Ҳамчунин, бино ба хабари дигари КҲФ дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Ҳамадонӣ, дар заҳбури Оби сиёҳи деҳа, як духтарин 15-сола, ғарқ шудааст.
КҲФ мегӯяд, сабаби ин ҳодиса маълум нест.
Ҷасади духтарак аз ҷониби ғаввосони КҲФ дар вилояти Хатлон пайдо ва ба волидонаш супурда шудааст.