https://sputnik.tj/20220701/etimod-rusiya-vladimir-putin-1049661434.html
Эътимоди мардуми Русия ба Владимир Путин афзудааст
Эътимоди мардуми Русия ба Владимир Путин афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Моҳи март ба президенти Федератсияи Русия 75%-и аҳолӣ эътимод дошт, акнун ин нишондиҳанда то 78 дарсад афзудааст. Кори кишвардорро 81% мусбат арзябӣ кардааст
2022-07-01T15:14+0500
2022-07-01T15:14+0500
2022-07-01T17:35+0500
дар русия
владимир путин
президент
назарсанҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0c/1047570583_0:727:2049:1879_1920x0_80_0_0_c1dc7c293f4e58c0ded61937fdb53de4.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бештар аз нисфи сокинони Русия (78%) ба кори президент Владимир Путин баҳои мусбат додаанд, тақрибан 81% ба ӯ эътимод доранд.Чунин натиҷа аз як назарсанҷии Хазинаи афкори ҷамъиятӣ (ФOM) бармеояд.Ба саволе, ки президент аз иҷрои вазифаи худ хуб мебарояд, 78% пурсидашудагон посухи мусбат додаанд, 13,4 % фикр мекунанд, ки аз уҳдаи кор намебарояд.Илова бар ин 81%-и пурсидашудагон эътироф кардаанд, ки ба президент эътимод доранд, 15% ба ӯ бовар надоранд.Путин яке аз афроди тавонотарин дар ҷаҳон хонда шудПурсиш байни русҳо, ки синнашон аз 18 боло аст, рӯзҳои 20-26 июни соли 2022 бо усули мусоҳибаи телефонӣ гузаронида шудааст.Дар он 1600 нафар аз пурсидашудагон, ки дар 104 минтақаи аҳолинишин, шаҳру деҳоти 53 субъекти Русия зиндагӣ мекунанд, ширкат намудаанд.Хатои оморӣ аз 3,6 фоиз зиёд нест.Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони Сербистон Путинро сиёсатмадори дӯстдоштаи худ инихоб кардаанд.Ҳамин тариқ, Путин дар рейтинги сиёсатмадорони ҷаҳон, ки аз ҷониби сербҳо пуштибонӣ мешаванд, дар ҷои аввал қарор гирифт.40% пурсидашудагон ба сиёсати ӯ баҳои баланд доданд.Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо фарқи назаррас дар ҷои дуввум аст. Сиёсати ӯро 12 дарсади сербҳо дастгирӣ мекунанд.Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар ҷои севум дар ин рӯйхат қарор гирифтааст. Сиёсати ӯро 11 дарсади пурсидашудагон дастгирӣ кардаанд.
https://sputnik.tj/20220630/putin-siyosatmador-dustdoshta-avrupo-1049642466.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0c/1047570583_0:535:2049:2071_1920x0_80_0_0_51da0eafb4b0b14782cacc278e85391a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, путин, эътимод, президент,
русия, путин, эътимод, президент,
Эътимоди мардуми Русия ба Владимир Путин афзудааст
15:14 01.07.2022 (Навсозишуда: 17:35 01.07.2022) Моҳи март ба президенти Русия 75%-и аҳолӣ эътимод дошт, акнун ин нишондиҳанда то 81 дарсад афзудааст. Кори кишвардорро 78%-и ҷомеа мусбат арзёбӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бештар аз нисфи сокинони Русия (78%) ба кори президент Владимир Путин баҳои мусбат додаанд, тақрибан 81% ба ӯ эътимод доранд.
Чунин натиҷа аз як назарсанҷии Хазинаи афкори ҷамъиятӣ (ФOM) бармеояд.
Ба саволе, ки президент аз иҷрои вазифаи худ хуб мебарояд, 78% пурсидашудагон посухи мусбат додаанд, 13,4 % фикр мекунанд, ки аз уҳдаи кор намебарояд.
Илова бар ин 81%-и пурсидашудагон эътироф кардаанд, ки ба президент эътимод доранд, 15% ба ӯ бовар надоранд.
Пурсиш байни русҳо, ки синнашон аз 18 боло аст, рӯзҳои 20-26 июни соли 2022 бо усули мусоҳибаи телефонӣ гузаронида шудааст.
Дар он 1600 нафар аз пурсидашудагон, ки дар 104 минтақаи аҳолинишин, шаҳру деҳоти 53 субъекти Русия зиндагӣ мекунанд, ширкат намудаанд.
Хатои оморӣ аз 3,6 фоиз зиёд нест.
Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони Сербистон Путинро сиёсатмадори дӯстдоштаи худ инихоб кардаанд.
Ҳамин тариқ, Путин дар рейтинги сиёсатмадорони ҷаҳон, ки аз ҷониби сербҳо пуштибонӣ мешаванд, дар ҷои аввал қарор гирифт.
40% пурсидашудагон ба сиёсати ӯ баҳои баланд доданд.
Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо фарқи назаррас дар ҷои дуввум аст. Сиёсати ӯро 12 дарсади сербҳо дастгирӣ мекунанд.
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар ҷои севум дар ин рӯйхат қарор гирифтааст. Сиёсати ӯро 11 дарсади пурсидашудагон дастгирӣ кардаанд.