https://sputnik.tj/20220701/ehyo-sarazm-bostoni-video-1049660040.html
Эҳёи Саразми бостонӣ - видеои диданӣ
Эҳёи Саразми бостонӣ - видеои диданӣ
Sputnik Тоҷикистон
Саразми ботсонӣ баёнгари он аст, ки оғози таммадун аз мулки тоҷикон сарчашма мегирад. Маҳз саразмиён дар Осиёи Марказӣ паҳнкунандагони маҳсулоти маъданӣ ҳастанд
2022-07-01T14:34+0500
2022-07-01T14:34+0500
2022-07-01T19:49+0500
видео
дар тоҷикистон
суғд
саразм
навори зебогиҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/01/1049659585_29:0:1295:712_1920x0_80_0_0_053744786eabff05f5f8965bb6960f62.jpg
Бино ба гузориши бостоншиносон, Саразм дар охири ҳазораи IV пеш аз милод рушд намудааст. Суғдзамин ҳам ба воситаи Саразми бостонӣ ба роҳи абрешим шомил мегардад.Иқлими мусоид, шароити қулай, боду ҳавои созгор мардумро дар Саразм сарҷамъ кард. Бозёфтҳои Саразм бозгӯи он аст, ки лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои наққошишудаи фарҳанги Балуҷистону Систону Балх тавассути иртиботи тиҷоратӣ ба Саразм ворид гаштаанд. Маҳз саразмиён дар шимолу шарқӣ Осиёи Маркази паҳнкунандагони лоҷуварду маҳсулоти маъданӣ ба ҳисоб мераванд.Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, таърихи беш аз 5500 - солаи Саразм ҳанӯз солҳои 1981 - 1991 аз тарафи олимони тоҷику рус ва бостоншиносони амрикоиву фаронсавӣ пешниҳод шуда буд.Ӯ таъкид кард, ки санаҳои зикргардида аз намунаи чӯбҳои ангиштшудаи ҳафриёти Саразм бо роҳи ташхиси радиокарбониву кимиёӣ дар озмоишгоҳҳои шаҳрҳои Бостон, Париж ва Санк-Петербург таҳқиқ ва тасдиқ шудаанд.Тоҷикистон бо як кишвари маъруфи мусалмонӣ парвозҳои мустақим роҳандозӣ мекунадВа донишмандон дар натиҷаи таҳқиқоту ташхиси илмии дастрас ба хулоса расиданд, ки ибтидои таърихи Саразм 5500 сол эътироф карда шавад, афазуд Раҳмон.Ҳоло саҳифаҳои зиёди таърихи Саразм таҳқиқ нашудаанд ва умед аст, ки донишмандон минбаъд низ саҳифаҳои норавшани таърихи ин маркази тамаддунро таҳқиқ намуда, дастраси ҷомеаи ҷаҳон хоҳанд кард.
суғд
саразм
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/01/1049659585_187:0:1136:712_1920x0_80_0_0_ca73a85e4e6c6d31d4bac5ed22a9c406.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эҳёи саразм, бостонӣ, тоҷикистон
эҳёи саразм, бостонӣ, тоҷикистон
Эҳёи Саразми бостонӣ - видеои диданӣ
14:34 01.07.2022 (Навсозишуда: 19:49 01.07.2022) Саразми бостонӣ баёнгари он аст, ки оғози таммадун аз мулки тоҷикон сарчашма мегирад. Маҳз саразмиён дар Осиёи Марказӣ паҳнкунандагони маҳсулоти маъданӣ ҳастанд
Бино ба гузориши бостоншиносон, Саразм дар охири ҳазораи IV пеш аз милод рушд намудааст. Суғдзамин ҳам ба воситаи Саразми бостонӣ ба роҳи абрешим шомил мегардад.
Иқлими мусоид, шароити қулай, боду ҳавои созгор мардумро дар Саразм сарҷамъ кард.
Бозёфтҳои Саразм бозгӯи он аст, ки лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои наққошишудаи фарҳанги Балуҷистону Систону Балх тавассути иртиботи тиҷоратӣ ба Саразм ворид гаштаанд.
Маҳз саразмиён дар шимолу шарқӣ Осиёи Маркази паҳнкунандагони лоҷуварду маҳсулоти маъданӣ ба ҳисоб мераванд.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, таърихи беш аз 5500 - солаи Саразм ҳанӯз солҳои 1981 - 1991 аз тарафи олимони тоҷику рус ва бостоншиносони амрикоиву фаронсавӣ пешниҳод шуда буд.
“Бостоншиносони амрикоӣ таърихи пайдоиши ин шаҳрро ба 5899-5765 сол, фаронсавиҳо ба 5775-5364 ва олимони тоҷику рус ба 5600-5500 сол баробар донистаанд”, - гуфта буд Раҳмон.
Ӯ таъкид кард, ки санаҳои зикргардида аз намунаи чӯбҳои ангиштшудаи ҳафриёти Саразм бо роҳи ташхиси радиокарбониву кимиёӣ дар озмоишгоҳҳои шаҳрҳои Бостон, Париж ва Санк-Петербург таҳқиқ ва тасдиқ шудаанд.
Ва донишмандон дар натиҷаи таҳқиқоту ташхиси илмии дастрас ба хулоса расиданд, ки ибтидои таърихи Саразм 5500 сол эътироф карда шавад, афазуд Раҳмон.
Ҳоло саҳифаҳои зиёди таърихи Саразм таҳқиқ нашудаанд ва умед аст, ки донишмандон минбаъд низ саҳифаҳои норавшани таърихи ин маркази тамаддунро таҳқиқ намуда, дастраси ҷомеаи ҷаҳон хоҳанд кард.