https://sputnik.tj/20220630/turkiya-bozor-bonki-tojikiston-vorid-1049622634.html
Туркия мехоҳад ба бозори бонкии Тоҷикистон ворид шавад
Туркия мехоҳад ба бозори бонкии Тоҷикистон ворид шавад
Sputnik Тоҷикистон
Бонкдори тоҷик бо дипломати турк табодули таҷрибаи мутахассисон, тақвияти ҳамкорӣ байни бонкҳои тиҷоратии кишварҳо ва масъалаи бонкдории исломиро баррасӣ кард 30.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-30T09:44+0500
2022-06-30T09:44+0500
2022-06-30T12:11+0500
дар тоҷикистон
туркия
иқтисод
бмт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Туркия хостори ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратиаш дар Тоҷикистон гардидааст. Масъалаи воридшавии ин кишвар ба бозори бонкии Тоҷикистон дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл дар Душанбе баррасӣ гардидааст.Тибқи иттилои дафтари матбуотии БМТ, Ҳоким Холиқзода нахуст сафири Туркияро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намудааст.Ӯ ҳамзамон масъалаҳои протоколи ҷаласаи ёздаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки таҳкими равобитро дар соҳаи бонкдории ду кишвар бо мақсади рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар бар мегирифт, мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст.Холиқзода ва Эмре Зеки ҳамзамон, ҳамкориҳо дар низоми бонкии ду кишвар, бахусус бонкҳои марказӣ (миллӣ), табодули таҷрибаи мутахассисони бонкҳои ду давлат, тақвияти ҳамкорӣ байни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ба василаи кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, инчунин ҳамкорӣ дар бахши бонкдории исломиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.Дипломати турк аз таваҷҷуҳи БМТ барои тавсеа ҳамкорӣ дар низоми бонкии ду кишвар истиқбол намуда, ҳамзамон рушди ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорату сайёҳӣ дар муносиботи иқтисодии Тоҷикистону Туркия муҳим арзёбӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20220619/qabul-taghyirot-qonun-afv-bonki-milli-1049324053.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, туркия, иқтисод, бмт
дар тоҷикистон, туркия, иқтисод, бмт
Туркия мехоҳад ба бозори бонкии Тоҷикистон ворид шавад
09:44 30.06.2022 (Навсозишуда: 12:11 30.06.2022) Бонкдори тоҷик бо дипломати турк табодули таҷрибаи мутахассисон, тақвияти ҳамкорӣ байни бонкҳои тиҷоратии кишварҳо ва масъалаи бонкдории исломиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Туркия хостори ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратиаш дар Тоҷикистон гардидааст.
Масъалаи воридшавии ин кишвар ба бозори бонкии Тоҷикистон дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл дар Душанбе баррасӣ гардидааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии БМТ, Ҳоким Холиқзода нахуст сафири Туркияро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намудааст.
Ӯ ҳамзамон масъалаҳои протоколи ҷаласаи ёздаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки таҳкими равобитро дар соҳаи бонкдории ду кишвар бо мақсади рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар бар мегирифт, мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст.
Холиқзода ва Эмре Зеки ҳамзамон, ҳамкориҳо дар низоми бонкии ду кишвар, бахусус бонкҳои марказӣ (миллӣ), табодули таҷрибаи мутахассисони бонкҳои ду давлат, тақвияти ҳамкорӣ байни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ба василаи кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, инчунин ҳамкорӣ дар бахши бонкдории исломиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
"Ҷонибҳо роҷеъ ба имкони ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратии Туркия дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд", - афзудааст манбаъ.
Дипломати турк аз таваҷҷуҳи БМТ барои тавсеа ҳамкорӣ дар низоми бонкии ду кишвар истиқбол намуда, ҳамзамон рушди ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорату сайёҳӣ дар муносиботи иқтисодии Тоҷикистону Туркия муҳим арзёбӣ кардааст.