Тоҷикистонӣ барои интиқоли се ҳазор рубл ба ДОИШ* нӯҳ сол маҳбасӣ мешавад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи в зале суда
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Обуна шудан
Тибқи фарзияи тафтишот шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоби бонкие, ки ба ӯ як узви ДОИШ* дода буд. се ҳазор рубл интиқол додааст
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистон ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд, хабар медиҳад расонаҳои русӣ бо истинод ба Хадамоти матбуотии додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии ин кишвар.
Ба навиштаи расонаҳо, додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия дар шаҳри Ростови лаби Дон ҳукми як тоҷикистониро эълон кард. Маҳкумшуда бо ҷурми маблағгузории созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд.
Тафтишот муайян намудааст, ки маҳкумшуда дар Волгоград ба ҳисоби бонкие, ки ба ӯ як аъзои ДОИШ додааст, се ҳазор рубл интиқол додааст. Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса ифшо нашудааст.
Дар Русия як тоҷикистонӣ ба 15,5 соли зиндон маҳкум шуд
Ёдовар мешавем, дар минтақаи мазкур чанде пеш як муҳоҷири дигари тоҷик ба 15,5 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ низ айнан ба гумони узвият дар созмони террористӣ гумонбар дониста шуда, ҳамчунин қасд доштааст, ки дар Ставропол як ҳамали террористӣ пиёда кунад.
Зикр гардид, ки маҳкумшуда соли гузашта ба сафи ДОИШ* пайваста, аз 8 то 11 апрел дар ҳудуди Ставрапол ба нафарони дигар барои амалӣ намуlfни ҳамлаи террористӣ дар Cтаврапол кумак кардааст.
Ҳабси абад ва 1,5 млн ҷарима. Ҳукми як тоҷикистонӣ дар Русия барои қасди ҳамлаи террористӣ
Ба фарзияи тафтишот, ӯ ҷузъҳои лозим барои сохтани маводи тарканда харидорӣ намуда, бомби худсохт сохтааст ва онро дар манзили иҷораи худ пинҳон кардааст.
Аз ин пеш, як тоҷикистонии дигар дар Русия ба ҳабси умрбод маҳкум шуд ва ҳамчунин 1,5 миллион рублро ҳамчун ҷарима бояд ба ҳисоби давлат гузаронад.
* созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0