https://sputnik.tj/20220630/sadama-rohho-tojikiston-1049638856.html
Садамаҳои маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон: ду зан ҳалоку як мард бистарӣ шуд
Садамаҳои маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон: ду зан ҳалоку як мард бистарӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор дар роҳҳои кишвар хабар медиҳад, ки дар паи он ду нафар ҳалок ва як тан бистарӣ градидааст
2022-06-30T16:57+0500
2022-06-30T16:57+0500
2022-06-30T17:21+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
садама
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102284/75/1022847525_0:193:3693:2270_1920x0_80_0_0_9b33b6d100b503c147fdb48645d64831.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар паи ду садамаи фоҷиабори нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон ду зан: яке 38-сола ва дигаре 42-сола ба ҳалокат расиданд.Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, садамаи аввал дар деҳаи Қосимободи ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайвастааст.Гуфта мешавад, ки ронандаи “БМВ”, сокини 40-солаи шаҳри Душанбе, дар роҳи дуюмдараҷа ба роҳи асосӣ баромада, ба мошини “Опел-Астра”, таҳти идораи сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрда, чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофири дохили “Опел-Астра”, зани 38-сола, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.Садамаи маргбор дар роҳи Бохтар - Данғара: ду тан ҳалоку се тан захмӣ шудҲамчунин, дар паи ноуҳдабароии ронандаи "Опел-Вектра" як зан ҳалок ва як мард бистарӣ шудааст.Ин садамаи фоҷиабор дар шаҳри Душанбе рух додааст.Гуфта мешавад, сокини 32-солаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Б.Абай пойтахт, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: як зани 42-сола ва як марди 63-соларо, ки ҳарду сокинони Душанбе ҳастанд, пахш намудааст.Дар натиҷа, пиёдагардон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.Садамаи маргбор дар пайи бархӯрди "Opel" бо "Shacman" дар ХатлонЗан аз зарби ҷароҳати бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расидааст.Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз вазъи саломатии марди ҷароҳатбардошта гузориш надодааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102284/75/1022847525_205:0:3488:2462_1920x0_80_0_0_ab0634cdf4566b7bab8fc372889c6de6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сабаб, садама, нақлиётӣ, ҳалокат
сабаб, садама, нақлиётӣ, ҳалокат
Садамаҳои маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон: ду зан ҳалоку як мард бистарӣ шуд
16:57 30.06.2022 (Навсозишуда: 17:21 30.06.2022) Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор дар роҳҳои кишвар хабар медиҳад, ки дар паи он ду нафар ҳалок ва як тан бистарӣ градидааст
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар паи ду садамаи фоҷиабори нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон ду зан: яке 38-сола ва дигаре 42-сола ба ҳалокат расиданд.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, садамаи аввал дар деҳаи Қосимободи ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи “БМВ”, сокини 40-солаи шаҳри Душанбе, дар роҳи дуюмдараҷа ба роҳи асосӣ баромада, ба мошини “Опел-Астра”, таҳти идораи сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрда, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили “Опел-Астра”, зани 38-сола, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, дар паи ноуҳдабароии ронандаи "Опел-Вектра" як зан ҳалок ва як мард бистарӣ шудааст.
Ин садамаи фоҷиабор дар шаҳри Душанбе рух додааст.
Гуфта мешавад, сокини 32-солаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Б.Абай пойтахт, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: як зани 42-сола ва як марди 63-соларо, ки ҳарду сокинони Душанбе ҳастанд, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагардон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Зан аз зарби ҷароҳати бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз вазъи саломатии марди ҷароҳатбардошта гузориш надодааст.