https://sputnik.tj/20220630/barrasi-ravobit-kori-shughl-aholi-mehnat-uzbekiston-1049632611.html
Баррасии равобити корӣ, шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат бо Ӯзбекистон
Баррасии равобити корӣ, шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат бо Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати баландпояи вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон дар Душанбе бо мақомоти кишвар самти ҳамкорӣ дар бахши шуғл ва бозори меҳнатро баррасӣ дорад
2022-06-30T14:38+0500
2022-06-30T14:38+0500
2022-06-30T14:38+0500
дар тоҷикистон
меҳнат
шуғл
ҳамкорӣ
ӯзбекистон
ширин амонзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1e/1049632013_0:213:2048:1365_1920x0_80_0_0_514cb354fd7538a7c7edb11f9a2d8dba.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Муҳитдинов Эркин, муовини якуми вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон, сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ва Расулов Садулло, мушовири пешбари Маъмурияти раисҷумҳури Ӯзбекистон дидору гуфтугӯ кард.Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоиии Тоҷикитон.Тибқи иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолият ва корҳои анҷомдодашуда дар доираи санадҳои соҳавии баимзорасида мубодилаи афкор намуда, аз раванди ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.Қайд карда шудааст, ки ҷониби Ӯзбекистон барои вусъат баҳшидани ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои муносибатҳои меҳнатӣ, инспексияи меҳнат, шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат, гузариш ба рақамикунонии хизматрасониҳо дар самти меҳнат ва дафтарчаҳои меҳнатии кормандон, гузаронидани тадқиқот дар самти муҳоҷират бо мақсади роҳандозии лоиҳаи минтақавӣ бо дастгирии шарикони рушд, изҳори омодагӣ намуданд.Ҳамзамон тарафҳо аз касбомўзии шаҳрвандон ва такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таълимии системаи вазорат дар моносентрҳои Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон, ва баргузор намудани тренингҳои муштараки минтақавӣ низ изҳор омодагӣ намуд.Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро дар масъалаҳои матраҳгардида ҷонибдорӣ намуда, қайд кардааст, ки сафари мазкур барои сохторҳои дахлдори тарафҳо барои мушаххас баррасӣ намудани пешниҳодҳои болозикр имконият фароҳам оварда, натиҷаи он дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории муштарак дар доираи ҳамин сафар ниҳоӣ хоҳад шуд.
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1e/1049632013_167:0:1987:1365_1920x0_80_0_0_6879a743b27b6c770d0f0a9e895ea355.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, ҳамкорӣ, шуғл, меҳнат, мақомот, душанбе
тоҷикистон, ӯзбекистон, ҳамкорӣ, шуғл, меҳнат, мақомот, душанбе
Баррасии равобити корӣ, шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат бо Ӯзбекистон
Ҳайати баландпояи вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон дар Душанбе бо мақомоти кишвар самти ҳамкорӣ дар бахши шуғл ва бозори меҳнатро баррасӣ дорад
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Муҳитдинов Эркин, муовини якуми вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон, сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ва Расулов Садулло, мушовири пешбари Маъмурияти раисҷумҳури Ӯзбекистон дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоиии Тоҷикитон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолият ва корҳои анҷомдодашуда дар доираи санадҳои соҳавии баимзорасида мубодилаи афкор намуда, аз раванди ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Қайд карда шудааст, ки ҷониби Ӯзбекистон барои вусъат баҳшидани ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои муносибатҳои меҳнатӣ, инспексияи меҳнат, шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат, гузариш ба рақамикунонии хизматрасониҳо дар самти меҳнат ва дафтарчаҳои меҳнатии кормандон, гузаронидани тадқиқот дар самти муҳоҷират бо мақсади роҳандозии лоиҳаи минтақавӣ бо дастгирии шарикони рушд, изҳори омодагӣ намуданд.
Ҳамзамон тарафҳо аз касбомўзии шаҳрвандон ва такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таълимии системаи вазорат дар моносентрҳои Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон, ва баргузор намудани тренингҳои муштараки минтақавӣ низ изҳор омодагӣ намуд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро дар масъалаҳои матраҳгардида ҷонибдорӣ намуда, қайд кардааст, ки сафари мазкур барои сохторҳои дахлдори тарафҳо барои мушаххас баррасӣ намудани пешниҳодҳои болозикр имконият фароҳам оварда, натиҷаи он дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории муштарак дар доираи ҳамин сафар ниҳоӣ хоҳад шуд.