Вокуниши аҷиби Шолтс ба суоле дар бораи Украина: видео

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкСаммит ЕС в Брюсселе
Саммит ЕС в Брюсселе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Вокуниши норӯшани садри аъзами Олмон ба дархосте дар робита ба шарҳи бештари кафолатҳои амниятии Киев рӯзноманигоронро дар ҳолати ногувор қарор дод
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ҳангоми посух додан ба суол дар бораи кафолатҳои амниятии Украина, посухи баҳсбарангез дод. Видеои ин ҳодисаро Welt нашр кардааст.
Дар як нишасти хабарӣ дар бораи натоиҷи нишасти G7 рӯзноманигор аз садри аъзами Олмон хост, ҷузъиёти кафолатҳои амниятии Ғарб ба Киевро баъд аз анҷоми амалиёти вижаи Русияро ифшо кунад.
Пеш аз он, ки Шолтс ба ин суол посух бигӯяд, - хандид.
"Бале. Метавонам", - гуфт ӯ бо ханда.
Пас аз чунин посух, ширкаткунандагони нишасти матбуотӣ низ ба хандидан даромаданд.
"Ҳамааш ҳамин аст", - гуфт Шолтс пас аз танаффуси андаке.
Ёдовар мешавем, ки нишасти G7 таҳти раёсати Олмон аз 26 то 28 июн дар қалъаи Элмау дар Бавария баргузор шуд.
Ба ин чорабинӣ раҳбарони Фаронса, Канада, ИМА, Бритониёи Кабир, Сенегал, Африқои Ҷанубӣ, Аргентина, Ҳиндустон, Индонезия ва дигар кишварҳо даъват шуда буданд.
"Ҳафтгонаи бузург" аз таҳрим кардани Путин тарсид
Дар мулоқот президенти Украина Владимир Зеленский низ тавассути алоқаи видеоӣ ширкат кард.
Дар баёнияи ниҳоии нишаст гуфта мешавад, ки G7 "омода аст бо ҳама давлатҳои манфиатдор дар бораи кафолатҳои дарозмуддати амниятӣ ба манзури ироаи кумак ба Украина ва таъмини ояндаи демократии он мувофиқат кунанд".
Лентаи хабарҳо
0