Мақомот: Стелс-омикрон дар Тоҷикистон нест

© UNSPLASHВрач в лаборатории делает анализы
Врач в лаборатории делает анализы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон вуҷуди стелс-омикрон, штамм ё навъе дигар аз коронавирус дар кишварро рад кард
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Ӯзбекистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, аз мавориди нахустини навъи ҷадиди коронавирус стелс-омикрон хабар дод, аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳанӯз ҳолатеро сабт накардаанд.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, стелс-омикрон маризии нав нест, балки берун омада аз ҳамон омикрон аст.
Аслан дар Тоҷикистон аз моҳи феврал ба ин сӯ ягон маврид сабти ном нашудааст, изҳор дошт мақомдори тандурустӣ
Врач в лаборатории делает анализы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Миёни кӯдакон дар саросари ҷаҳон гепатити пурасрор паҳн шудааст
"Дар ҳамон вақташ мо таҷҳизоти заруриро дар ихтиёр доштем ва ҳамаро маълум мекардем. Мо тамоми маворидро коронавирус эътироф мекардем, зеро ҳамагӣ аз ҳамин хонаводаанд, фақат ба ин фарқ ки хосияти генетикӣ ва ва суръати штамҳои нав тағйир мехӯрад. Дар асл ҳамон як чиз аст", - гуфт тавзеҳ дод Ҷаъфаров.
Дар гузашта Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба ин нукта ишорат мекард, ки 90%-и мардуми Тоҷикистон ба коронавирус ё COVID-19 масъуният пайдо кардаанд.
Ин ба он маъност, ки дар ҳоли ворид шудани ҳар навъи маризии коронавирус заминаҳои паҳншавии он аз миён рафтааст.
Чанд рӯи қабл Вазорати тандурустии Ӯзбекистон хабар дод, ки қаринаи дигаре аз навъи омикрони коронавирус стелс-омикрон дар ин кишвар паҳн шуда, даҳҳо маврид низ ошкор шудаанд, аммо ин афзоиш назаррас набудааст.
Лентаи хабарҳо
0