Дар Русия як тоҷикистонӣ ба 15,5 соли зиндон маҳкум шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи в зале суда
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Маҳкумшуда яке аз аъзои созмони террористии ДОИШ* муаррифӣ шуда, қасд доштааст, ки дар ҳудуди Ставропол ҳамлаи террористӣ пиёда кунад
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони узвият дар созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия - ДОИШ* маҳкум ба зиндон шуд.
Бар хабари расонаҳои русӣ, додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия дар шаҳри Ростови лаби Дон шаҳрванди Тоҷикистонро дар омодагӣ ба анҷоми амали террористӣ дар қаламрави Ставропол гунаҳкор эълон кард.
Бо ҳукми суд, тоҷикистонӣ ҳамакнун 15,5 солро дар зиндони низомаш сангин сипарӣ мекунад.
Ҳабси абад ва 1,5 млн ҷарима. Ҳукми як тоҷикистонӣ дар Русия барои қасди ҳамлаи террористӣ
Манбаъ меафзояд, маҳкумшуда соли гузашта ба сафи ДОИШ* пайваста, аз 8 то 11 апрел дар ҳудуди Ставрапол ба нафарони дигар барои амалӣ намуlfни ҳамлаи террористӣ дар Cтаврапол кумак кардааст.
Ба фарзияи тафтишот, ӯ ҷузъҳои лозbм барои сохтани маводи тарканда харидорӣ намуда, бомби худсохт сохтааст ва онро дар манзили иҷораи худ пинҳон кардааст. Ҷузъиёти дигари ин қазия ошкор нашудааст.
Ёдовар мешавем, моҳи ҷорӣ дар Русия як тоҷикистонии дигар ба ҳабси умрбод маҳкум шуда буд. Номбурда Тоҷиддин Назаров маъруф ба Усома Ал-Норакӣ буда яке аз роҳбарони ҷангҷӯёни тоҷик дар сафи ДОИШ* ба шумор мерафт.
Назаров ҳамчунин ба пардохти 1,5 миллион рубл ҷарима муваззаф шуд.
* созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0