Гармо дар Хатлону Душанбе: ҳарорат то 45 дараҷа мерасад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкЖара в Москве
Жара в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Ожонсии обуҳавошиносии кишвар аз ҳавои софи бебориш дар кишвар хабар дода таъкид кардааст, ҳарорати ҳаво дар бархе аз манотиқ то 45 дараҷа боло меравад
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 17 дараҷа гарм, рӯзона то 36 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3 то 8 дараҷа ва рӯзона то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 24 дараҷа, рӯзона то 43 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои кӯҳии ин минтақа шабона то 13 ва рӯзона то 32 дараҷа гарм мешавад.
Женщина в медицинской маске на Трубной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад
Ин Ожонсии дар вилояти Хатлон ҳавои софи беборишро пешгӯӣ кардааст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 27 дараҷа ва рӯзона то 45 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 23 дараҷа ва рӯзона то 39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 18 то 23 дараҷа ва рӯзона то 43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 16 дараҷа ва рӯзона то 37 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои Ожонсӣ дар шаҳри Душанбе ҳавои софи бебориш дар назар аст Ҳаво шабона то 22 дараҷа ва рӯзона то 42 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0