Чориева роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё интихоб шуд

© НОК ТаджикистанаТаджикская спортсменка Мавзуна Чориева
Таджикская спортсменка Мавзуна Чориева  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Кӣ Тоҷикистонро дар 5-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ва 19-умин Бозиҳои Осиё намояндагӣ мекунад, мавзуи аслии ҷаласаи Кумитаи миллии олимпии ҶТ буд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Кумитаи иҷроияи КМОТ Мавзуна Чориеваро роҳбари ҳайати олимпии Тоҷикистон дар 19-умин Бозиҳои Осиё интихоб кард.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод. Манбаъ зикр намуд, ки 19-ум Бозиҳои Осиё моҳи сентябри ҳамин сол дар шаҳри Ҳангжоуи Чин дар назар буданд, аммо бо сабаби вазъи эпидемиологӣ дар ин кишвар бозиҳо як сол мавқуф гузошта ушданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масоили марбути 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ баррасӣ шуданд, ки аз 9 то 18-уми август дар шаҳри Қунияи Туркия баргузор мешавад.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гуфт, дар бозиҳои мазкур иштироки варзишгарон аз 57 давлати узви Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ ба нақша гирифта шудааст.
Таджикские легкоатлеты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Сабаби нокомии давандаҳои Тоҷикистон дар як мусобиқаи бузург маълум шуд
Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш - варзиши сабук, камонварӣ, баскетбол, бочча, велосипедронӣ, шамшербозӣ, футбол, гимнастика, ҳендбол, ҷудо, каратэ, кикбоксинг, тирпаронии варзишӣ, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, волейбол, вазнбардорӣ, гуштини варзишӣ, камонварии анъанавӣ ворид гардидааст, омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин варзишгарони имконияташон маҳдуд дар 4 намуди варзиш – варзиши сабук, камонварӣ, тенниси рӯи миз ва шиноварӣ имкони иштирокро доранд.

Маълумот дода шуд, ки КМОТ 163 нафарро аз ҳисоби варзишгарон, мураббиён ва намояндагони расмӣ номнавис кардааст, вале ҳайати ниҳоӣ дар ҳамкорӣ бо федератсияҳои варзишӣ то 5-уми июл муайян мегардад.
Лентаи хабарҳо
0