Либосҳояшон ҳасту худашон не: ду сокини Мастчоҳ ҳангоми ҷустуҷӯи тило нопадид шудаанд

© Sputnik / Валерий ЯрмоленкоГраница Таджикистана с Афганистаном по реке Пяндж, архивное фото
Граница Таджикистана с Афганистаном по реке Пяндж, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Наҷотдиҳандагон эҳтимоли ғарқ шудани ин афродро намебинанд, аммо бо вуҷуди ин ҷустуҷӯҳо дар рӯдхонаи Зарафшон идома дорад
ДУШАНБЕ, 28 июн – Sputnik. Фармонбек ва бародарзодааш Завқибек Хоҷабековҳо, сокинони деҳаи Ҳадишаҳри ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳангоми заршӯӣ дар дарёи Зарафшон бедарак шудаанд
Хоҷабековҳо рӯзи 27 июн ба ҷустуҷӯи тилло машғул шуда, шаб ба хона барнагаштанд.
Аҳли пайвандон ва ҳамсояҳо барои ҷустуҷӯи Фармонбек ва Завқибек то ба соҳили Зарафшон ҷойе, ки онҳо тилло мешустанд, рафта, дар он маҳал танҳо сару либоси боқимондаеро пайдо кардаанд.
Музаффар Мирзобошиев, сардори КҲФ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло ҷустӯҷӯйи Хоҷабековҳо, дар рӯди Зарафшон идома дорад.
Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Халосӣ аз гирдоб: тавсияҳои КҲФ барои ғарқ нашудан зимни оббозӣ
“Фармонбек Хоҷабекови 40-сола ва бародарзодааш Завқибек Хоҷабекови 15-сола замони заршӯйӣ дар ҳудуди дарёи Зарафшон бедарак шудаанд. Онҳо пас аз кор шаб ба хона барнагаштаанд. Зимни корҳои ҷустуҷӯи либосҳояшон дар соҳил пайдо шуда аз худашон то ҳол хабаре нест” – афзуд мавсуф.
Мирзобошиев хабари ҳангоми оббозӣ ғарқ шудашани заршӯёнро беасос дониста мегуяд, ки ҳоло ҳарорат дар ин ноҳияи кӯҳистонӣ сард аст.
“Аз сӯйи дигар дарёи Зарафшон дар ин маҳал оббозӣҷой надораду оби дарё тез аст. Ҳеҷ кас надидааст, ки онҳо куҷо рафтаанд”, - гуфт сардори КҲФ дар ин ноҳия.
Мақомот мегуянд, ҳоло ҷустуҷӯи заршӯён дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва шаҳри Панҷакент, ки рӯди Зарафшон аз он мегузарад, идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0