https://sputnik.tj/20220628/putin-rusiya-guruhhoi-siyosii-afghoniston-tamos-1049586844.html
Путин: Русия бо тамоми гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон дар тамос аст
Путин: Русия бо тамоми гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон дар тамос аст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия дар дидор бо кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки кишвараш барои ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон тамоми чораҳоро меандешад
2022-06-28T20:14+0500
2022-06-28T20:14+0500
2022-06-28T20:31+0500
дар тоҷикистон
владимир путин
раисҷумҳур
афғонистон
вазъ
тамос
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/16/1049426602_0:188:3071:1916_1920x0_80_0_0_4fff1d790dfc3e4a81d1d06d6d4e8475.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон ба мавзуъ ва вазъи имрӯзаи Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.Вай гуфт, Русия бо тамоми гурӯҳҳои сиёсие, ки дар Афғонистон ҳастанд, тамос барқарор кардааст."Русия ҳамаи корро анҷом медиҳад, то вазъ дар Афғонистон ба эътидол биёяд ва ҳоло мо талош дорем, бо гурӯҳҳои сиёсие, ки вазъро дар Афғонистон контрол доранд, ҳамкорӣ намоем", - гуфт ӯ.Раисҷумҳури Русия илова кард, ки дар ҳукумат ва мақомоти раҳбарии Афғонистон бояд тамоми ақвоми ин кишвар ҳузур дошта бошанд.Феълан музокироти дуҷонибаи Раҳмону Путин дар пойтахти Тоҷикистон идома доранд.Табиист, ки масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба - тиҷорату иқтисод, бахшҳои низомӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ хоҳанд шуд, изҳор дошт ахиран Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия дар шарҳи ин мулоқот.Ин нахустин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад.Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад.Сафари Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки масоили амниятӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ дар минтақа арзёбӣ мешаванд. Ахиран нигарониҳое аз сӯйи мақомоти қудратии Русия дар мавриди вазъи Афғонистон низ садо доданд.
https://sputnik.tj/20220628/kreml-muzokirot-rahmon-putin-1049586445.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/16/1049426602_457:205:2914:2048_1920x0_80_0_0_e65b9e875fb7705dd606af61ad652ea2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, афғонистон, гурӯҳҳои сиёсӣ, вазъ, владимир путин, тамос
тоҷикистон, русия, афғонистон, гурӯҳҳои сиёсӣ, вазъ, владимир путин, тамос
Путин: Русия бо тамоми гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон дар тамос аст
20:14 28.06.2022 (Навсозишуда: 20:31 28.06.2022) Раисҷумҳури Русия дар дидор бо кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки кишвараш барои ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон тамоми чораҳоро меандешад
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон ба мавзуъ ва вазъи имрӯзаи Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.
Вай гуфт, Русия бо тамоми гурӯҳҳои сиёсие, ки дар Афғонистон ҳастанд, тамос барқарор кардааст.
"Русия ҳамаи корро анҷом медиҳад, то вазъ дар Афғонистон ба эътидол биёяд ва ҳоло мо талош дорем, бо гурӯҳҳои сиёсие, ки вазъро дар Афғонистон контрол доранд, ҳамкорӣ намоем", - гуфт ӯ.
Раисҷумҳури Русия илова кард, ки дар ҳукумат ва мақомоти раҳбарии Афғонистон бояд тамоми ақвоми ин кишвар ҳузур дошта бошанд.
Феълан музокироти дуҷонибаи Раҳмону Путин дар пойтахти Тоҷикистон идома доранд.
Табиист, ки масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба - тиҷорату иқтисод, бахшҳои низомӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ хоҳанд шуд, изҳор дошт ахиран Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия дар шарҳи ин мулоқот.
Ин нахустин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад.
Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад.
Сафари Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки масоили амниятӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ дар минтақа арзёбӣ мешаванд. Ахиран нигарониҳое аз сӯйи мақомоти қудратии Русия дар мавриди вазъи Афғонистон низ садо доданд.