Матвиенко: Ғарб таҳримҳои зиддирусиашро ҳеҷ гоҳ лағв нахоҳад кард

© Пресс-служба Совета Федерации РФ / Гузариш ба медиабонкПредседатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия таъкид кард, ҳамкорӣ бо Ғарб мисли пеш буда наметавонад ва таҳримҳои зиддирусӣ лағв нахоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия ахиран гуфт, дар кишвар ҳама бояд дарк кунанд, ки равобит дигар мисли пеш буда наметавонад ва таҳриҳои зиддирусиашро Ғарб лағв нахоҳад кард
"Баъзан, вақте ки бо ин ё он сохторҳои муайян (давлатӣ) рӯ ба рӯ мешавем, чунин таассуроте аст, ки на ҳама дарк мекунанд, ва умеде доранд, ҳама мисли пештара боқӣ мемонад. Ҳамат мо мефаҳмем, ки мисли пештара дигар нахоҳад буд. Оё Ғарб онро ба ҳамин хотир ҷори накарда буд (барои лағви он)”, - гуфт Матвиенко.
Раиси Шӯрои Федератсияи Русияи қайд кард, ки максади Ғарб равшан аст — боздоштани тараққиёти Русия ва тобеъ кардани кишвари мост.
“Ҳеҷ яке аз нақшаҳои Ғарб ба ҳадаф нахоҳад расид", - гуфт хонум Валентина Матвиенко.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Следы краски на стене и разбитые окна здания посольства Турции в Москве, у которого прошла акция протеста против действий Военно-воздушных сил Турции. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Туркия ба таҳримҳо алайҳи Русия ҳамроҳ нахоҳад шуд
Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расонданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT хориҷ сохт.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ (LNG) ва ангиштро маҳдуд карда, баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид кард. Инчунин бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Федератсияи Русияро боздоштанд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо паҳн кардани мавод тавассути расонаҳои русии "Russia Today" ва "Sputnik" мамнуъ кард ва баъдан ин ниҳодҳо видеохостинги "YouTube"-ро низ масдуд карданд. Чунин маҳдудиятҳо ба дигар расонаҳои Русия низ таъсир расониданд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор давлатҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуд карда, вуруди онҳоро ба қаламрави худ низ манъ кардаанд. Рӯйхати таҳримҳо давра ба давра нав мешавад.
Лентаи хабарҳо
0