Додгоҳ Отамбоевро сафед кард

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкБывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев
Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Кишвардори пешини Қирғизистон дигар дар ташкили ноамниҳои моҳи октбяри соли 2020 гунаҳкор нест. Ӯро додгоҳ сафед кард
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Додгоҳи Бишкек Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури пешини Қирғизистонро дар парвандаи ошӯбҳои оммавӣ дар моҳи октябри соли 2020 сафед кард, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Додгоҳ тасмим гирифт, ки Отамбоев Алмосбек Шаршеновичро барои мавҷуд набудани таркиби ҷиноят дар кирдораш сафед кунад", - эълон кард додрас.
Қаблан додситонӣ барои ташкили бетартибиҳои оммавӣ барои Отамбоев 12 соли зиндон хоста буд. Ҳоло шарикони раисиҷумҳури пешин, аз ҷумла Фарид Ниёзов, раиси пешини дастгоҳи раёсатҷумҳур ва муовини собиқи вазири умури дохилӣ Қурсан Асановро низ сафед шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 6 октябри соли 2020 Отамбоев дар пасманзари ошӯбҳои оммавӣ дар Бишкек аз зиндон раҳо шуд. Рӯзи 9 октябр дар майдони марказии Бишкек миёни ҷонибдорони Отамбоев ва Содир Ҷабборов (он вақт сиёсатмадори мухолиф, ҳоло президенти кишвар) задухӯрд ба амал омад. Бар асари ин ҳодиса чандин нафар захмӣ гардиданд.
Президент Киргизии Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Митинг дар Бишкек: мардум озодии Отамбоев ва ҳабси Жээнбековро талаб доранд - видео
Зимнан, рӯзи 10 декабр раисиҷумҳури пешин дигарбора боздошт шуд ва жар СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон нигаҳдорӣ мешуд.
Отамбоев аз соли 2011 то соли 2017 кишвардори Қирғизистон буд. Пас аз барканор шудани ӯ, алайҳи тимаш парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ҳамчунин Отамбоев аз мақоми раисиҷумҳури собиқ маҳрум карда шуда, дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин муттаҳам дониста шуд.
Бо вуҷуди ин, собиқ президент борҳо изҳор дошт, ки тамоми иттиҳомот алайҳи ӯ ва шариконаш хусусияти сиёсӣ дорад. Ӯро барои ғайриқонунӣ аз маҳбас кардани ҷинояткори ашадӣ, Азиз Ботукаев ба 11 соли зиндон маҳкум карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0