https://sputnik.tj/20220628/dastur-prezident-sughd-nazorat-kisht-takror-1049559077.html
Баъди дастури президент раиси Суғд ба назорати кишти такрорӣ рафт
Баъди дастури президент раиси Суғд ба назорати кишти такрорӣ рафт
Sputnik Тоҷикистон
Интихоби кишти зироат дар минтақа бо назардошти иқлим ва обу ҳаво сурат мегирад, зеро ин имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.
2022-06-28T10:03+0500
2022-06-28T10:03+0500
2022-06-28T12:36+0500
суғд
раҷаббой аҳмадзода
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
кишти такрорӣ дар шимоли кишвар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103131/45/1031314545_0:201:2980:1877_1920x0_80_0_0_a23199313890fdd9729adae2f064656b.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар вилояти Суғд ба кишти такрории зироатҳо омодагӣ мебинанд. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии раиси вилоят хабар доданд.Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни як сафари корӣ ҷиҳати ошноӣ бо рафти корҳои саҳроӣ аз ҶСК "Абдураҳим Ҷумъаев"-и ноҳияи Бобоҷони ноҳияи Ғафуров дидан кардааст. Деҳқонон гуфтанд, ки дар доираи барномаи истифодаи оқилонаи замин майдони 5212 гектар барои кишти дуюми зироат омода карда мешавад. ъҚаблан деҳқонон дар майдони 140 гектар гандум кошта, зиёда аз 40 сентнерӣ ҳосил гирифтанд.Бояд гуфт, ки замини хоҷагӣ 2736 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 1750 гектараш пахта кошта шудааст. Аҳмадзода қайд кард, ки интихоби кишти зироатҳо бояд бо назардошти иқлим ва обу ҳаво сурат гирад, зеро интихоби дуруст имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад. Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони кишт 20 ҳазор гектар, замини корам 295 гектар, замини наздиҳавлигӣ 8,4 ҳазор гектар, замин барои хоҷагии ёрирасони шаҳрвандон 975 гектар, замини ҷангал 2 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.Сафари Аҳмадзода ба минтақаҳо барои санҷиши кишти такрорӣ дар ҳолест, ки қаблан раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни як тамос ва пасон дар суҳбат бо фаъолони Хатлон ба тамоми раисони шаҳру навоҳии кишвар гуфт, раванди кишти такрорӣ ҷиддӣ назорат шавад.Ӯ бо ишора аз вазъи вахими иҷтисодии ҷаҳон ва эҳтимоли буҳрони ғизоӣ гуфт, ҳар порча замин бояд оқилон ва ду ё се бор кишт шавад.
https://sputnik.tj/20220618/rahmon-buhron-tojikistoniyon-1049304202.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103131/45/1031314545_119:0:2850:2048_1920x0_80_0_0_fc8b890573a6bb0c3e0c2a192f45f81e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур президент суғд
Баъди дастури президент раиси Суғд ба назорати кишти такрорӣ рафт
10:03 28.06.2022 (Навсозишуда: 12:36 28.06.2022) Интихоби кишти зироат дар минтақа бо назардошти иқлим ва обуҳаво сурат мегирад, зеро ин имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар вилояти Суғд ба кишти такрории зироатҳо омодагӣ мебинанд. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии раиси вилоят хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни як сафари корӣ ҷиҳати ошноӣ бо рафти корҳои саҳроӣ аз ҶСК "Абдураҳим Ҷумъаев"-и ноҳияи Бобоҷони ноҳияи Ғафуров дидан кардааст.
Деҳқонон гуфтанд, ки дар доираи барномаи истифодаи оқилонаи замин майдони 5212 гектар барои кишти дуюми зироат омода карда мешавад. ъ
Қаблан деҳқонон дар майдони 140 гектар гандум кошта, зиёда аз 40 сентнерӣ ҳосил гирифтанд.
Бояд гуфт, ки замини хоҷагӣ 2736 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 1750 гектараш пахта кошта шудааст.
Аҳмадзода қайд кард, ки интихоби кишти зироатҳо бояд бо назардошти иқлим ва обу ҳаво сурат гирад, зеро интихоби дуруст имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.
Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони кишт 20 ҳазор гектар, замини корам 295 гектар, замини наздиҳавлигӣ 8,4 ҳазор гектар, замин барои хоҷагии ёрирасони шаҳрвандон 975 гектар, замини ҷангал 2 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Сафари Аҳмадзода ба минтақаҳо барои санҷиши кишти такрорӣ дар ҳолест, ки қаблан раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни як тамос ва пасон дар суҳбат бо фаъолони Хатлон ба тамоми раисони шаҳру навоҳии кишвар гуфт, раванди кишти такрорӣ ҷиддӣ назорат шавад.
Ӯ бо ишора аз вазъи вахими иҷтисодии ҷаҳон ва эҳтимоли буҳрони ғизоӣ гуфт, ҳар порча замин бояд оқилон ва ду ё се бор кишт шавад.