Дарёфти ҷасади ҷавондухтаре дар Левакант, ки худро ба об партофта буд

© КЧС РТТело 25-летнего гражданина Туркменистана было найдено вчера в Гиссарском Гранд-канале
Тело 25-летнего гражданина Туркменистана было найдено вчера в Гиссарском Гранд-канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Наҷотдиҳандагон пас аз шаш рӯзи ковтуков ҷасади ҷавондухтари ғарқшуда дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлонро пайдо карданд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Наҷотдиҳандагон аз дарёфти ҷасади ҷавондухтари 19-солаи шаҳри Левакант хабар медиҳад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 27 июн дар ҷараёни ҳамин ҷустуҷӯҳо афсари калони бахши Раёсати КҲФ дар шаҳри Леваканд хабар дод, ки дар канали Сталин, мавзеи Пикет-33 ҷасади номаълуме болой об баромадааст.
Баъди дарёфти маълумот, дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат иборат аз 4 нафар ба ҷойи ходиса сафарбар карда шуда, ҷасадро аз об бароварданд.
"Маълум гардид, ки ин ҳамон духтари 19-сола аст, ки рӯзи 21-уми июн даст ба худкушӣ зада буд", - афзудааст манбаъ.
Қаблан ин ниҳод гуфта буд, дар ҷое, ки духтар худро ба об андохтааст, шиноснома, руймол ва пойафзолашро ёфта буданд. Аммо ҷасадашро пас аз шаш рӯзи ҷустуҷӯҳои зиёд дарёфт карданд.
Ин ниҳод мегӯяд, сабаби даст ба худкушӣ задани ҷавондухтар дақиқ нест ва ҳоло мақомот дар ин хусус таҳқиқот мебаранд.
Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Халосӣ аз гирдоб: тавсияҳои КҲФ барои ғарқ нашудан зимни оббозӣ
Маврид ба зикр аст, ки бо фарорасии фасли гармо ва мавсими оббозӣ ва ҳамзамон афзоиши ҳолатҳои худкушӣ ҳамарӯза мақомот аз чунин рухдодҳо хабар медиҳанд.
Ба иттилои ин ниҳод, сар аз моҳи январ то кунун дар обҳои Тоҷикистон 67 кас ғарқ шудааст. Ғарқшудаҳо миёни хурдсолону наврасони аз 4 то 17-сола ба 40 тан мерасад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пайваста бо муроҷиат ба мардуми кишвар қоидаҳои шиновариро мефаҳмонад ва дар маконҳои мамнуъ барои оббозӣ миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор мекунад.
Сабаби фоҷеаҳоро КҲФ беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта, волидонро дар беназоратии кӯдакон айбдор медонад.
Лентаи хабарҳо
0