https://sputnik.tj/20220628/baydenro-marg-muhojir-muttaham-1049562512.html
Байденро дар марги 42 муҳоҷир муттаҳам намуданд
Байденро дар марги 42 муҳоҷир муттаҳам намуданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадди ақал 42 нафарро дар як мошини боркаш дар роҳи хурде, ки ба шоҳроҳ мебурд, пайдо карданд. Губернатори Техас президентро дар марги муҳоҷирон муттаҳам кард
2022-06-28T12:14+0500
2022-06-28T12:14+0500
2022-06-28T12:39+0500
дар ҷаҳон
ҷо байден
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
амрико
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047336562_0:253:2991:1936_1920x0_80_0_0_5e8a44306f78463ac048b9e8a1d96879.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Губернатори Техас Грегг Эбботт дар марги даҳҳо муҳоҷире, ки аз дохили мошини боркаш дар шаҳри Сан-Антонио пайдо шуданд, раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден ва маъмурияти ӯро айбдор кард, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба саҳифаи Twitter -и губернатор.Қаблан шабакаи телевизионии ABC хабар дода буд, шумори ҷасадҳое, ки пайдо шудаанд, ба 46 нафар расидааст. Мошини боркаш дар роҳи хурде дар Техас пайдо шудааст, ки ба шоҳроҳ мебурд.Гуфта мешавад, 16 муҳоҷир, ки дохили мошини боркаш зинда мондаанд ба бемористони маҳаллӣ интиқол дода шуданд. Аз миёни онҳо 12 нафар калонсол буда, чор нафари дигар ноболиғон ҳастанд.Зикр гардид, ки пизишкон дар онҳо нишонаҳо аз зиёд гарм шуданро муайян намуданд. Тибқи иттилои Департаменти оташнишонии Сан-Антонио, мошини боркаш, ки муҳоҷирон савори он буданд, об ва дастгоҳи шамолдиҳӣ (кондитсионер) надошт.Феълан, ин ҳодисаи нохуш мавриди таҳқиқи мақомот қарор дорад.Ёдовар мешавем, ки чанд сол қабл дар Британия чунин ҳодиса рух дода буд. Он замон 39 муҳоҷир дохили яхдони фура ба ҳалокат расиданд. Ҳалокшудагон ҳамагӣ шаҳрвандони Ветнам буданд.Гуфта мешуд, 39 муҳоҷирро ронандаи мошини боркаш дохили яхдон, ки ҳарорат он ҷо аз 25 дараҷа поён буд, маҳкам намудааст ва онҳо бар асари хунукхӯрӣ ҷон бохтанд.
https://sputnik.tj/20220626/tramp-amriko-kishvar-tanazzul-rasvo-1049514754.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047336562_121:0:2702:1936_1920x0_80_0_0_dfa729c4f6146176bb9810434d206367.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
байден муҳоҷир марг муттаҳам
байден муҳоҷир марг муттаҳам
Байденро дар марги 42 муҳоҷир муттаҳам намуданд
12:14 28.06.2022 (Навсозишуда: 12:39 28.06.2022) Ҳадди ақал 42 нафарро дар як мошини боркаш дар роҳи хурде, ки ба шоҳроҳ мерасид, пайдо карданд. Губернатори Техас президентро дар марги муҳоҷирон муттаҳам кард
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Губернатори Техас Грегг Эбботт дар марги даҳҳо муҳоҷире, ки аз дохили мошини боркаш дар шаҳри Сан-Антонио пайдо шуданд, раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден ва маъмурияти ӯро айбдор кард, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба саҳифаи Twitter -и губернатор.
"Дар Техас ҷасади дастикам 42 нафар дар як мошини боркаш ёфт шуд. Дар марги муҳоҷирон Байден гунаҳкор аст. Ин натиҷаи сиёсати кушоиши маргбори марзҳои ӯ аст", - навиштааст губернатор дар саҳифаи Twitter-и худ.
Қаблан шабакаи телевизионии ABC хабар дода буд, шумори ҷасадҳое, ки пайдо шудаанд, ба 46 нафар расидааст. Мошини боркаш дар роҳи хурде дар Техас пайдо шудааст, ки ба шоҳроҳ мебурд.
Гуфта мешавад, 16 муҳоҷир, ки дохили мошини боркаш зинда мондаанд ба бемористони маҳаллӣ интиқол дода шуданд. Аз миёни онҳо 12 нафар калонсол буда, чор нафари дигар ноболиғон ҳастанд.
Зикр гардид, ки пизишкон дар онҳо нишонаҳо аз зиёд гарм шуданро муайян намуданд. Тибқи иттилои Департаменти оташнишонии Сан-Антонио, мошини боркаш, ки муҳоҷирон савори он буданд, об ва дастгоҳи шамолдиҳӣ (кондитсионер) надошт.
Феълан, ин ҳодисаи нохуш мавриди таҳқиқи мақомот қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанд сол қабл дар Британия чунин ҳодиса рух дода буд. Он замон 39 муҳоҷир дохили яхдони фура ба ҳалокат расиданд. Ҳалокшудагон ҳамагӣ шаҳрвандони Ветнам буданд.
Гуфта мешуд, 39 муҳоҷирро ронандаи мошини боркаш дохили яхдон, ки ҳарорат он ҷо аз 25 дараҷа поён буд, маҳкам намудааст ва онҳо бар асари хунукхӯрӣ ҷон бохтанд.