Бар асари сел дар Ворух 40 ҳавлии сокинон хароб шудааст – шарҳи расмӣ

© Sputnik Оқибатҳои сели харобиовар дар Ворух
Оқибатҳои сели харобиовар дар Ворух - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон натиҷаҳои ибтидоии таҳқиқи худ дар бораи пайомади офати табиӣ дар Ворухи Исфараро расонаӣ карданд
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Дар пайи сели харобиовар дар Ворух беш аз ду километр роҳ валангор шуда, 40 ҳавлии сокинон хароб шудааст.
Диловар Ҳамдамов, котиби матбуотии КҲФ дар вилояти Суғд гуфт, ки бар асари селфароӣ дар Ворух кадом иншооти деҳаи Исфара хисорот расидааст.
Ӯ, натиҷаи таҳқиқи аввалияи кори мақомот дар бораи паёмади селфароӣ дар Ворухро тавзеҳ дод.
"Селу лойоба 40 адад таҳхона ва ҳавлиҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои ёрирасони сокинон, инчунин ду километр роҳи мошингарди деҳаро харобу валангор намудааст. Хушбахтона ба худи сокинон осеб нарасидааст” – гуфт, Ҳамдамов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
Бино ба гуфти манбаъ, ин ҳанӯз маълумоти ибтидоӣ аст ва зимнан корҳои таҳқиқи паёмади селфароӣ аз сӯи масъулин ҷараён дорад.
Қарор аст то бегоҳ ҳаҷми умумии хисороти расида аз офати табиӣ дар Ворух маълум карда шавад.
Ҳоло гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии масъулони ҳукумати Исфара ва муовини сардори Раёсати КҲФ Суғд Холмаҳмад Холов дар ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд.
Бегоҳии дирӯз дар деҳаи Хушободи Ворух сел фаромад. Аз аксу наворҳое, ки сокинон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор доданд, сели азим аз сатҳи каналу ҷуйборҳо баланд шуда роҳҳо ва манзили сокинонро тахриб намудааст.
Диловар Ҳамдамов, котиби матбуотии КҲФ дар вилояти Суғд гуфт, ки дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар умум дар ҳудуди шаҳру навоҳии Ашт, Айнӣ, Панҷакент, Масчоҳи Кӯҳӣ 8 офати табиӣ ба қайд гирифта шуда бар асари онҳо беш аз 4 миллион сомонӣ хисорот ҳисоб шудааст.
Сел в Ворухе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Сели харобиовар дар Ворух - видео
“Аз ҳисоби селхезӣ роҳҳо, манзилҳо, заминҳои кишоварзӣ тахриб шуданд ва ин офот ба хоҷагии халқи вилоят беш аз 4 миллион сомонӣ зарар расондааст”, – гуфт Ҳамдамов.
Мақомот мегӯянд, ки хушбахтона дар пайи рухдоди ин ҳодисаҳои мудҳиши табиӣ, ягон ҳодисаи ҳалокатбор дар миёни сокинон ба қайд гирифта нашудааст.
Чанде қабл бар асари омадани сел дар деҳоти Ашту Пунуки ноҳияи Ашт беш 20 пули хурду бузург, ҳудуди 8 километр роҳи мошингард ва 32 манзили истиқоматии ин ду ҷамоат тахриб шуда буд.
Харобкориҳои сел дар ноҳияи Рӯдакӣ: пулро шуст ва манзилҳои 5 деҳаро тахриб кард
Навоҳӣ ва шаҳрҳои Ашт, Айнӣ, Шаҳристон, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Конибодом, Исфара, Спитамен, Мастчоҳ, Деваштич ва Истаравшан аз манотиқи осебпазир аз сел дар вилояти Суғд гуфта мешаванд. Деҳоти ин навоҳии шимоли Тоҷикистон умдатан дар шароити кӯҳсор ҷойгиранд ва дар онҳо селроҳаҳое вуҷуд дорад.
Мақомоти КҲФ мегӯянд, зараре, ки ҳамасола аз ҳисоби рух додани офатҳои таббиӣ, аз ҷумла сел ба вуҷуд меоянд, марзи миллионҳо сомониро убур мекунад.
Лентаи хабарҳо
0