https://sputnik.tj/20220627/safarhoi-vladimir-putin-ba-tojikiston-1049551094.html
Сафарҳои Владимир Путин ба Тоҷикистон
Сафарҳои Владимир Путин ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Русия сар аз соли 2000 ба ин сӯ дасти кам даҳ маротиба аз Тоҷикистон боздид намудааст. Инак, рӯзи 28 июн сафари ёздаҳуми ӯ сурат мегирад
2022-06-27T21:30+0500
2022-06-27T21:30+0500
2022-06-28T15:46+0500
тасвирбаён
владимир путин
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1b/1049549940_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_d34ca006eaf80c83e44ce27882083e72.png
Интизор меравад, рӯзи 28 июн раисҷумҳури Русия, Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.Ин нуҳумин сафари кишвардори Русия давоми 22 соли ахир хоҳад буд.Тибқи маълумоте, ки Sputnik Тоҷикистон гирд овардааст, соли 2000 Владимир Путин бо сафари корӣ меҳмони Тоҷикистон шуд. Он замон Душанбе мизбони вохӯрии сарони давлатҳои "Панҷгонаи Шанхай" буд.Пасон соли 2001 ташриф овард ва баъд аз он думаротибаи дигар солҳои 2003 ва 2004 бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Аз иқтисод то амнияту пайвастан ба ИИАО: Путин ва Раҳмон чиро баррасӣ мекунандСафарҳои баъдии роҳбари Русия солҳои 2007 ва 2012 сурат гирифта, пас аз он соли 2014 ва 2015 як маротибагӣ Владимир Путин ба Тоҷикистон омада буд.Аз соли 2017 то 2019 кишвардори Русия се маротиба озими Тоҷикистон шуд. Бо авҷ гирифтани бемории коронавирус, аз соли 2020 то ба имрӯз сафари Владимир Путин ба ҷумҳурӣ дигар сурат нагирифт. Ҳамакнун, бо гузашти се сол роҳбари Русия, Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.Суҳбати як ба як: Кремл бархе тафсилоти сафари Путин ба Душанберо гуфтИн нахустин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад.Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад.Қаблан, сухангӯи Кремл сафари роҳбари Русия ба Тоҷикистонро тасдиқ намуд ва изҳор дошт, ки дар Душанбе мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин сурат мегирад.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1b/1049549940_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_570cc9c9f8ca6a2bdb8f11638263251c.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин тоҷикистон сафар
владимир путин тоҷикистон сафар
Сафарҳои Владимир Путин ба Тоҷикистон
21:30 27.06.2022 (Навсозишуда: 15:46 28.06.2022) Кишвардори Русия сар аз соли 2000 ба ин сӯ дастикам даҳ бор аз Тоҷикистон боздид намудааст. Инак, рӯзи 28 июн сафари яздаҳумини ӯ сурат мегирад
Интизор меравад, рӯзи 28 июн раисҷумҳури Русия, Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.
Ин нуҳумин сафари кишвардори Русия давоми 22 соли ахир хоҳад буд.
Тибқи маълумоте, ки Sputnik Тоҷикистон гирд овардааст, соли 2000 Владимир Путин бо сафари корӣ меҳмони Тоҷикистон шуд. Он замон Душанбе мизбони вохӯрии сарони давлатҳои "Панҷгонаи Шанхай" буд.
Пасон соли 2001 ташриф овард ва баъд аз он думаротибаи дигар солҳои 2003 ва 2004 бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Сафарҳои баъдии роҳбари Русия солҳои 2007 ва 2012 сурат гирифта, пас аз он соли 2014 ва 2015 як маротибагӣ Владимир Путин ба Тоҷикистон омада буд.
Аз соли 2017 то 2019 кишвардори Русия се маротиба озими Тоҷикистон шуд.
Бо авҷ гирифтани бемории коронавирус, аз соли 2020 то ба имрӯз сафари Владимир Путин ба ҷумҳурӣ дигар сурат нагирифт. Ҳамакнун, бо гузашти се сол роҳбари Русия, Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.
Ин нахустин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад.
Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад.
Қаблан, сухангӯи Кремл сафари роҳбари Русия ба Тоҷикистонро тасдиқ намуд ва изҳор дошт, ки дар Душанбе мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин сурат мегирад.