https://sputnik.tj/20220627/rahmon-ruz-vahdat-tojikistoniyon-video-1049538940.html
Раҳмон дар Рӯзи ваҳдат ба тоҷикистониён чӣ гуфт - видео
Раҳмон дар Рӯзи ваҳдат ба тоҷикистониён чӣ гуфт - видео
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошияш аз хатарҳои муосир ҳушдор дода, зарурати ҳифзи сулҳу субот дар ҷумҳуриро таъкид намудаст
2022-06-27T15:47+0500
2022-06-27T15:47+0500
2022-06-27T20:09+0500
видео
ваҳдати миллӣ
эмомалӣ раҳмон
паём
шодбошӣ
таҳким
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1b/1049536398_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_6f55865451f2cd8949d77c9fdf7e10b2.jpg
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ гуфт, барои рушди кишвар, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ омили калидиянд. Ӯ зикр кард, ки ба ҷо овардани фаризаҳои динӣ низ, ки ҷузъи муҳимми зиндагии мардуми мусулмони кишвар ба шумор мераванд, фақат дар шароити таъмин будани амният, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ муяссар шуда метавонад.Раисҷумҳур афзуд, хоинону бадхоҳони давлату миллати тоҷик – онҳое, ки манфиатҳои милливу давлатиро қурбони нафс кардаанд ва имону виҷдони худро ба хоҷаҳои хориҷиашон фурӯхтаанд, ҳанӯз ҳам аз нияту нақшаҳои ғаразноки худ даст накашидаанд.Маҳз дар ҳамин рӯз 25 сол қабл Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва марҳум Саид Абдуллои Нурӣ, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо намуданд.Ин сана расман хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки 5 сол - аз майи соли 1992 то 27 июни соли 1997 давом кард.Рӯзи 27 июн, бар асоси қонуни Тоҷикистон дар бораи идҳо, чун Рӯзи ваҳдати миллӣ ва яке аз идҳои давлатии муҳим эълон гардидаст. Ин рӯз дар Тоҷикистон истироҳатӣ мебошад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1b/1049536398_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_91ab6885fc7cad95dd7bee255a70b9ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
паём, ҳушдор, эмомалӣ раҳмон, ваҳдат, миллӣ
паём, ҳушдор, эмомалӣ раҳмон, ваҳдат, миллӣ
Раҳмон дар Рӯзи ваҳдат ба тоҷикистониён чӣ гуфт - видео
15:47 27.06.2022 (Навсозишуда: 20:09 27.06.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошияш аз хатарҳои муосир ҳушдор дода, бар зарурати ҳифзи сулҳу субот дар ҷумҳурӣ таъкид намудааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ гуфт, барои рушди кишвар, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ омили калидиянд.
Ӯ зикр кард, ки ба ҷо овардани фаризаҳои динӣ низ, ки ҷузъи муҳимми зиндагии мардуми мусулмони кишвар ба шумор мераванд, фақат дар шароити таъмин будани амният, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ муяссар шуда метавонад.
Раисҷумҳур афзуд, хоинону бадхоҳони давлату миллати тоҷик – онҳое, ки манфиатҳои милливу давлатиро қурбони нафс кардаанд ва имону виҷдони худро ба хоҷаҳои хориҷиашон фурӯхтаанд, ҳанӯз ҳам аз нияту нақшаҳои ғаразноки худ даст накашидаанд.
"Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем", - таъкид кард президент.
Маҳз дар ҳамин рӯз 25 сол қабл Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва марҳум Саид Абдуллои Нурӣ, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо намуданд.
Ин сана расман хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки 5 сол - аз майи соли 1992 то 27 июни соли 1997 давом кард.
Рӯзи 27 июн, бар асоси қонуни Тоҷикистон дар бораи идҳо, чун Рӯзи ваҳдати миллӣ ва яке аз идҳои давлатии муҳим эълон гардидаст. Ин рӯз дар Тоҷикистон истироҳатӣ мебошад.