https://sputnik.tj/20220627/peskov-rusiya-jml-jmd-oyanda-ehtirom-1049537733.html
Песков: Русия ба ҳуқуқи ҶМЛ ва ҶМД барои тасмимгирӣ дар бораи ояндаи худ эҳтиром мегузорад
Песков: Русия ба ҳуқуқи ҶМЛ ва ҶМД барои тасмимгирӣ дар бораи ояндаи худ эҳтиром мегузорад
Sputnik Тоҷикистон
Котиби матуоти раисҷумҳури Русия ҳамчунин суолро дар бораи дурнамои амалиёти вижаи низомӣ дар Украина ба Вазорати мудофиа ирсол кард
2022-06-27T16:40+0500
2022-06-27T16:40+0500
2022-06-27T19:43+0500
дар русия
ҷмл
ҷмд
сиёсат
дмитрий песков
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048511879_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_12b3d185ce9430405f1b763f00eda8ed.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Русия ҳуқуқи ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганскро барои мустақилона ҳал кардани масъалаи ояндаи худ эҳтиром мекунад.Дар ин бора Дмитрий Песков котиби раисҷумҳури Русия ба хабарнигорон изҳор дошт.Вай ҳамчунин масъалаи дурнамои амалиёти вижаи низомиро ба Вазорати дифоъ ирсол кард. "Ин салоҳияти низомиён аст, ман дар ин бора чизе гуфтанӣ нестам", - гуфт сухангӯи Кремл.Оғози амалиёти вижа дар Донбасс аз сӯйи раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 24 феврал, чанд рӯз баъд аз эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск эълом шуд.Сарвари давлати Русия аҳдофи амалиёти вижаро "ҳимояи мардуме номид, ки ҳашт сол боз зери наслкушӣ аз сӯйи режими Киев қарор гирифтаанд". Вазорати дифои Русия итминон дод, ки онҳо танҳо ба инфрасохтори низомии Украина ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд.Артиши Русия то кунун тавонистааст тамоми вилояти Херсон ва як қисми Запорожеро озод кунад ва таҳти назорати худ бигирад. Маъмурияти муваққатии ташкилшуда дар минтақаҳои озодшуда азми худро барои пайвастан ба Русия баён доштааст.
https://sputnik.tj/20220601/slutskiy-donbass-kherson-rusiya-1048857482.html
ҷмл
ҷмд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048511879_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_94928c64a99162d33bda45868c4c79e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
песков ҷмл ҷмд русия
Песков: Русия ба ҳуқуқи ҶМЛ ва ҶМД барои тасмимгирӣ дар бораи ояндаи худ эҳтиром мегузорад
16:40 27.06.2022 (Навсозишуда: 19:43 27.06.2022) Котиби матуотии раисҷумҳури Русия ҳамчунин суолро дар бораи дурнамои амалиёти вижаи низомӣ дар Украина ба Вазорати мудофиа ирсол кард
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Русия ҳуқуқи ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганскро барои мустақилона ҳал кардани масъалаи ояндаи худ эҳтиром мекунад.
Дар ин бора Дмитрий Песков котиби раисҷумҳури Русия ба хабарнигорон изҳор дошт.
"Мо борҳо гуфта будем, ки ояндаи ҳам ҶМЛ, ҳам ҶМД ва ҳам дигар қаламравҳои Украинаро бояд сокинони ин қаламравҳо ҳал кунанд, ин ҳуқуқи соҳибихтиёрии онҳо ва қарори соҳибихтиёрии онҳост, албатта. Мо ин ҳуқуқро эҳтиром мекунем", - гуфт Песков.
Вай ҳамчунин масъалаи дурнамои амалиёти вижаи низомиро ба Вазорати дифоъ ирсол кард.
"Ин салоҳияти низомиён аст, ман дар ин бора чизе гуфтанӣ нестам", - гуфт сухангӯи Кремл.
Оғози амалиёти вижа дар Донбасс аз сӯйи раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 24 феврал, чанд рӯз баъд аз эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск эълом шуд.
Сарвари давлати Русия аҳдофи амалиёти вижаро "ҳимояи мардуме номид, ки ҳашт сол боз зери наслкушӣ аз сӯйи режими Киев қарор гирифтаанд". Вазорати дифои Русия итминон дод, ки онҳо танҳо ба инфрасохтори низомии Украина ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд.
Артиши Русия то кунун тавонистааст тамоми вилояти Херсон ва як қисми Запорожеро озод кунад ва таҳти назорати худ бигирад. Маъмурияти муваққатии ташкилшуда дар минтақаҳои озодшуда азми худро барои пайвастан ба Русия баён доштааст.