Аз гаронии нарх то радикализми динӣ: Раҳмон гуфт, чӣ зиндагиро мушкил кардаст

© Sputnik / Амир ИсаевРынок Мехргон в Душанбе
Рынок Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар муроҷиат ба мардуми кишвар омилҳоеро номбар намуд, ки ба гуфтаи ӯ, дар замони муосир зиндагии башарро мушкил кардаанд
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Солҳои охир инсоният бо мушкилоти ниҳоят сахту сангин рӯ ба рӯ гардидааст, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошияш бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ.
Ӯ дар феҳрасти мушкилоти башарият, паёмадҳои тағйирёбии глобалии иқлим, аз ҷумла камобӣ, хушксолӣ, нарасидани маводи ғизоӣ, болоравии нархи маҳсулоти озуқа дар тамоми ҷаҳонро ном бурд.
Паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз мушкилоти дигар арзёбӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз қабили вусъати бесобиқаи таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллиро зикр кард.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, омилҳои мазкур имрӯз зиндагии аҳли башарро бисёр ноорому нобасомон ва тоқатфарсо гардонидаанд.
Молодежь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Раиси Суғд ба ҳифзи ваҳдат дар Тоҷикистон даъват кард
"Дар чунин шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи башарӣ, яъне торафт мураккаб гардидани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад", - афзуд вай.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар хитоб ба шаҳрвандони кишвар таъкид намуд, ки бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем.
Маврид ба зикр аст, ки 27 июни соли равон тоҷикистониён 25-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд.
Ин сана расман хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки 5 сол - аз майи соли 1992 то 27 июни соли 1997 давом кард.
Рӯзи 27 июн, бар асоси қонуни Тоҷикистон дар бораи идҳо, чун Рӯзи ваҳдати миллӣ ва яке аз идҳои давлатии муҳим эълон гардидаст. Ин рӯз дар Тоҷикистон истироҳатӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0